Китоби “Номаҳо”-и Нимо Юшич шомили мактубҳоест, ки ӯ ба модару падар, бародару хоҳарон ва дӯстон навиштааст ва бидуни муболиѓа онҳо дар шинохти зиндагӣ, андешаю эҳсосоти шоири бузург нақши рӯшане доштаанд. Номаҳои шоири шаҳир саршори дарсҳои шеъру шоирӣ, ҳикмату фалсафа, ҳақоиқи башарӣ, адабию ахлоқӣ, масоили иҷтимоӣ ва як нигоҳи дурбинона ба табиати офаридгор ва инсон аст. Инак, порае аз “Номаҳо”.
Аз ҳама чиз наздиктар ба ту ишқи туст. Ҳастӣ нишонаи ишқ аст. Навиштани ман ҳам самараи ишқи ман аст…
***
Аз рӯзи нахуст пардае байни қалби шоир ва мавҷудот ҳоил шуд, то ӯ зиндагиашро ба ҳасрат ба сар бибарад ва чизеро, ки дӯст дорад, аз варои ин парда бибинад, чунки осмон мехост чангашро ба дасти ӯ бидиҳад ва аз миёни лабҳои ӯ бихонад. Ман ба ҳар чӣ дил мебандам, ноз мекунад, мегурезад, магар танҳоиву хубиҳои ишқ, ки ҳар қадар ба онҳо дил бастаам, ҳамеша бо мананд…
***
Бидуни таҷриба инсон ноқис аст ва бидуни нуқс инсон ба вуҷуд наёмадаву аз байн нарафтааст…
***
Суръате, ки инсон ба тарафи фанои худ дорад, бештар аз ҳар суръатест, ки дар корҳои дигари ӯ мушоҳида мешавад…
***
Аксу оинаву тифл соати умри инсон ҳастанд, ки ҳар се наздик шудани маргро хабар медиҳанд…
***
Дар сурате, ки тариқи ман аз ҷадидтарин туруқ набошад, нисбат ба тариқаҳои қадими шарқӣ хеле ҷадид ва шояд ҷадидтар аз он барои миллате бошад, ки ҳанӯз ҷадидро нашинохтааст…
***
Шеъру мусиқӣ ва наққошӣ ҳар се дар асри ҳозир васоили анҷоми хадамоти иҷтимоӣ ҳастанд, яъне эҳсосоти табақаро ба ҳаракат дармеоваранд…
***
Нуқтаи назари ман афкору фалсафаи худи ман аст ва бо тариқаи муайяни фикрӣ, ки баъдҳо маълум мешавад…
***
Инсон дардашро бояд ба касе гӯяд, ки ӯ он сероб шавад. Қалби ман оташест, ки бояд ҳама ҷоро бисӯзонад…
***
Чашмҳои ман абрест, ки ҳама ҷо бояд аз он сероб шавад. Қалби ман оташест, ки бояд ҳама ҷоро бисӯзонад…
***
Хаёл накун маро мебинӣ, ман мани воқеӣ ҳақиқати дигаре ҳастам, ки дар навиштаҳои худ ҷо гирифтаам ва ҳанӯз мардум аз ман садое нашунидаанд, то чӣ расад ба як наѓма, ки қалби маро барои онҳо ташреҳ кунад. Мардум аз ман парҳез мекунанд, ҳамон қадар, ки ман аз онҳо парҳез дорам…
***
Чашмони ман пораабрест, ки ҳаргиз аз боридан хаста нашудааст…
***
Завқи зиндагӣ аз ҳукми об аст. Бояд онро софу равон раҳо кард. Рӯҳ бояд ба насимҳои вақти саҳар шабоҳат дошта бошад. Ба беэътиноӣ ва виқор фақат барои навозиш кардани гулҳо аз фазои олам убур кунад…
***
Хомӯширо дар мавқее, ки бояд хомӯш буда бошам, аз дарё ёд мегирам. Ҳамаи ашё муаллими инсонанд. Шумо ҳам мисли ман бошед. Хеле ҳарфҳоро мебояст шунид. Фақат ақоиди худро бояд маҳкам нигоҳ дошт…
***
Рост аст, ки камфаҳмӣ ҳам неъматест ва шуаро аз рӯи асабонияту хастагӣ онро сутудаанд, вале бибинед чӣ қадар ҳам аз неъматҳост, ки инсон ба воситаи ҷаҳолати худ аз он маҳрум шудааст…
***
Ҳунарро зоҳирест содда, аммо ботине печидаву мармуз. Бо ҳар ҳастӣ дақиқаест ва бо ҳар дақиқае нерӯи хос барои фаҳм. Он чӣ дар ҳунар асоси зебоист, ҳамон ростӣ ва ҳақиқат аст…