Фардои мо

Сарбози тоҷик

Хидмати сарбозӣ  ё хидмати маҷбурӣ???

Бежан Расулов, сокини 21-солаи устони Суғд, минтақаи шимолии Тоҷикистон аст, ки бештар аз нӯҳ моҳ боз дар сафи Артиши миллии кишвари худ хидмати ҳарбиро идома медиҳад. Вай мегӯяд, танҳо пас аз 1 солу 3 моҳи дигар мӯҳлати сарбозияш ба анҷом хоҳад расид ва ӯ дигарбора барои дарёфти рисқу рӯзӣ ба Маскав хоҳад рафт. Бо вуҷуди он ки ӯро масъулини вазорати дифоъи Тоҷикистон иҷборан тариқи «облава» ё «шикор» ба хидмати ҳарбӣ овардаанд, Бежан вазъи кунунии сарбозон дар ҷузъу томҳои ин вазоратро дар қиёс бо чанд соли қабл мусбат арзёбӣ мекунад. Аммо аксаран сарбозони кишвар аз таъмин набуданашон бо сару либоси гарм ва макони хуби будубош шикоят мебаранд. Мақомот ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, аскаронро бо хобгоҳҳои тоза ва барҳаво ва васоили зимистонгузаронӣ таъмин мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳама кӯшиш ба он равона шудааст, ки ҳар як сарбози тоҷик пуштибонии давлатро эҳсос бикунад ва барои дифоъи кишвар камар бибандад. Яъне ҳоло шарту шароити будубош, ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, дар қисмҳои низомии кишвар чандон бад нест. Вале Бахтиёр, ҷавони 20 – солаи тоҷик, ки мебоист дар ин синн хидмати ҳарбиро хатм карда, соҳиби рутбаву мадорики низомӣ бошад, мегӯяд, бо вуҷуди 2 маротиба дастрас кардани даъватнома ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, нарафтааст. Вай фарзанди бузурги хонавода мебошад ва таъмини рӯзгори 5 нафарро бар ӯҳда дорад. Падараш замони муқовиматҳои дохилии Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум кушта шудааст. Бахтиёр ин навбат ҳам даъватнома барои хидмат дар сафи Артиши миллии кишварро интизор намемонад ва ният дорад ҳарчи зудтар ба Русия баргардад. Ҳарчанд ҷавонҳои тоҷик хидмат дар сафи артишро шаъну шараф ва эҳсоси худшиносӣ медонанд, аммо рӯзгори сахту сангин онҳоро маҷбур кардааст, то аз одитарин мушкилот ба оғӯши Маскав паноҳ бубаранд. Аз ин рӯ, ағлаби сокинони Тоҷикистон мӯътақиданд, ки бештари ҷавонҳо иҷборан ба сафи артиш интиқол мешаванд. Ба назари онҳо, низ ҷавонҳое дар сафи артиш машғули хидматанд, ки ё аз аҳли хонаводаи нодоранд ва ё тавони таҳсил дар донишгоҳро надоранд.  

Аммо ҳоло чӣ гап?  

sl270377.jpg

Дар ин авохир мавзӯъи хидмати ҳарбӣ дар сафи Артиши Тоҷикистон ба мавзӯъи аслии маҳофили кишвар табдил шудааст. Кушта шудани чор сарбоз ҳангоми бозгаштан ба назди волидон ва худсӯзии як сарбоз дар минтақаи ҷанубии кишвар дубора сокинонро нигарон кардва онҳо дар банди ҳарос монданд, ки оё фарзандони худро ба хидмати бифиристанд, ё на. Додситонии низомии Тоҷикистон барои таҳқиқи ин ҳодисоти мудҳиш талош кард ва ахиран хабар дод, ки ду афсари нерӯҳои мусаллаҳи кишварро дар марги 4 сарбоз дар минтақаи Рашт, минтақаи шарқии Тоҷикистон  муттаҳам донистааст.

Ин воқеъа ҳанӯз моҳи октябри соли 2007 дар масири Рашт-Душанбе рух дода буд, ва ин 4 сарбоз замоне кушта шуданд, ки пас аз ду соли хидмат дар сафи артиш ҳамроҳи 12 ҳамхидматони дигари худ ба назди пайвандонашон бармегаштанд. Ба қавли мақомот, бемасъулиятии ду афсари низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон буд, ки сарбозон дар як мошини борбари ҳомили беш аз 5 тонна картошка ба сӯи Душанбе роҳ гирифтанд ва дар нимаи роҳ ба садама дучор шуданд. Дар ҳолате ки тибқи низомномаи ҳарбӣ қисми низомӣ муваззаф буд, то ин гурӯҳи сарбозонро дар як худрави ҷудогона то манзилашон бирасонад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки чунин ҳодисаҳои раво дидани шиканҷа ё рафтори номуносиб дар нисбати сарбозон нуфузи нерӯҳои мусаллаҳи кишварро дигарбора дар назди ҷомеъа бамаротиб коҳиш хоҳад дод, дар ҳоле ки ҳанӯз ҳам ҷавонон аз ҳароси зарбулат дар қисмҳои низомӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтанро лоиқ намедонанд. Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди коршиносони масоили низомӣ мушкилоти аслӣ, ки артиши Тоҷикистон ҳамчунон бо он рӯбарӯст, камбуди афсарони ҳирфаӣ будааст. Бо ин ҳама, ба қавли коршиносон, агарчи мушкилоти сиҳҳати сарбозон, таъмини онҳо бо ғизо, мавориди лату кӯби сарбозон ҳамчунон боқӣ мондааст, аммо мақомоти кишвар дар муддати кӯтоҳ тавонистаанд, ки артиши тавоно ва қудратмандеро бо истифода аз кӯмакҳои низомии кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ таъсис диҳанд.   

3 Responses to “Фардои мо”

  1. Шохин Says:

    Фардои мо чи суоли хуб!
    ту оё медони фардои мо чи аст?
    Аз чихати марг не, амма аз дигар пахлу назар афкани фардои худро худ месози. давлат давлати капиталисти хар кас ба худ овора аст. дар замони Шурави каме бошад хам фардои моро хамон замон месохт, холо танхо худ метавонад фардо ва пасифардоятро бисози.
    ту кииву аз кучои?
    Сомонаро аз назар гузаронида хеле хушхол шудам,ки чунин сайтхо зиёд шудаанд.
    барори кор

  2. Сипос аз Шумо, ки аз сахфаи банда хам дидан кардаед. Ин сахфа агарчи мутаалики ман аст, аммо сахфаи Шумо ва Шумо барин афроди рушанфикру чавонхои иродатманду худшинос аст. Бале, мо дигар уммед надорем, ки фардои моро ё президент Рахмон месозад, ё каси дигар! Фардои мо дар дасти худи мост! То фардо, рохи сафед!

    Yoron

  3. То ое чо ки медонам, Ёрони гиромй аз Точикистон аст. Барояш комгорй мехохам.

Leave a Reply