Archive for January, 2008

Ҳарос аз Ислом?

Posted in Мазҳаб on January 29, 2008 by yoron

Агарчи коршиносони масоили дин иртиботи дину давлат дар Тоҷикистонро дар гузаштаи начандон дур мӯътадил арзёбӣ мекунанд, аммо вазъи ду соли ахир нишон медиҳад, ки мақомоти ҳукуматӣ бо мазоҳиби мухталиф, аз ҷумла дини Ислом ба гунаи дигар бархӯрд доранд.

Пайравони дини мубини Ислом, ки 97 дарсади сокинони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, аз тахриби масоҷиди панҷвақта дар Душанбе, ба донишгоҳ роҳ наёфтани ҳиҷобдорон, маҳдуд кардани ҳузури наврасон дар намози ҷамоъа ва ҳам тағйири намуди зоҳирии донишҷӯёни донишкадаи исломии Тоҷикистонро аз тасмимҳои давлат дар роҳи сард кардани муносиботаш бо намояндагони ин дин баҳогузорӣ менамоянд. 

Аммо Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, таҳлилгари Маркази мутолеъоти назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вазъи зоҳирии муносибати давлат бо Исломро мусбат арзёбӣ мекунад. Ба пиндори вай, дар кишвар заминаҳои ҳуқуқиву амалие мавҷуданд, ки метавонанд муносибати хуби давлат бо динро таъмин созанд. Вале мегӯяд ӯ, як мушкили зеҳние, ки «мубориза бо дин» унвон шуда, аз даврони Шӯравии атеистӣ боқӣ мондааст, намегузорад, то чунин вазъи мӯътадил дар муносибати давлат бо пайравони дини Ислом ҳукмфармо бошад. Оқои Раҳнамо ба ин нукта ҳам ишора мекунад, озодиҳое, ки дар қонунгузории Тоҷикистон барои фаъолияти диндорон пешбинӣ шудааст, дар сурати пурра татбиқ гардидан, вазъи муносибати давлат бо дин дар қиёс бо ҷамоҳири пасошӯравӣ дар Тоҷикистон нодир хоҳад буд.  

Мақомоти Тоҷикистон низ фаъолияти сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳузури намояндагонаш дар порлумони кишварро намунаи беҳтарини муносибаташон бо пайравони дини мубини Ислом медонанд, дар ҳоле ки ба эътиӄоди коршиносон ҳузур ва фаъолияти ин ҳизби сиёсии исломӣ ба далелҳои мухталиф рӯи кор омадааст.

Коршиносон мегӯянд, маӄомот барои хотири ба ҳам назадани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997, ки Ҳизби наҳзати исломӣ низ яке аз ҷонибҳои сулҳкунанда буд, хомӯш нишастаанд. Аммо тайи солҳои ахир бархе аз фаъолони ин ҳизб дар шимоли Тоҷикистон ба далели ҳамкорӣ ва ҷонибдорӣ аз Ҳизбуттаҳрир боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд.  

Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бархӯрди мақомоти давлатӣ бо дин, махсусан, дини Исломро тайи солҳои ахир муносибати манфӣ ва оштинопазири давлат бо пайравони ин дин арзёбӣ мекунад, на камтар аз он. Оқои Қосиддинов мегӯяд, имрӯз мақомоти давлатӣ аз рушди дини Ислом ва фаъолияти густурдаи дигар созмонҳои динӣ дар ҳаросанд ва онро барои амнияти кишвар хатарзо медонанд, ки иштибоҳе беш нест. Ба назари Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, як рӯҳонии тоҷик, бархӯрди бархе аз давлатдорони Тоҷикистон бо дин манфӣ аст, на муносибати давлат бо дин. Оқои Маҳмудҷон Тӯраҷонзода ба ин тартиб аз тахриби масоҷид ва манъи ҳиҷобдорон ба макотиби олӣ ёдовар мешавад ва онро нуктаи аслии ба сардӣ гароидани муносибати давлат бо аҳли Ислом медонад. Вай мегӯяд, ки дафъаҳои ахир муносиботи давлат бо дин дар Тоҷикистон сардтар мешавад.  

Дар маҷмӯъ, ба назари коршиноси мустақил Абдуғаффори Камол вазъи муносибати давлат бо дин чандон нигаронкунанда нест, ҳарчанд масъалаҳои ҷузъӣ дар муносибати ду ҷониб ба миён омадааст. Вай мегӯяд, давлат ҳанӯз тасмими ҷиддӣ нагирифтааст, ки бояд фаъолияти диндоронро дар кишвар расман мамнӯъ кунад. Ба дидгоҳи оқои Камол, ин ки як ҳизби расмии исломӣ ва беш аз ҳаштод созмонҳои дигари ғайриисломӣ фаъолият ва таблиғ мекунанд, хулоса метавонад кард, ки вазъияти муносибат хуб аст.  

Ҳамин тавр аз тарафи давлат масъалаи бастани масоҷид ва бо русарӣ ширкат накардани донишҷуён ва зарурати тарҳи ҷадиди қонун ва масоили дигари марбут ба дину мазоҳибро то кунун  ба таври расмӣ ҳеҷ кадом аз мақомоти расмии Тоҷикистон шарҳ надодааст, ки мақомот аз дину диндорон чӣ мехоҳад. Вазъи пешомада низ нишон медиҳад, ки бархӯрди давлат бо дин ҳамчунон мармуз аст ва тавре таҳлилгарон мегӯянд, намешавад ба таври мушаххас пешбинӣ кард, ки чунин вазъ чи ҳолатеро дар ояндаи наздик пеш хоҳад овард.  

Раҷаби МИРЗО: ИН ДАФЪА ҲАМ ДЕМОКРАТИЯРО ФОҲИША МЕКУНЕМ?

Posted in Сӯҳбати мо on January 29, 2008 by yoron

Раҷаби Мирзо – сардабири ҳафтаномаи «Рӯзи нав» як орзу дорад: ҳақиқатро дарёфтан. Ҳарчанд бисёриҳо барои амалӣ шудани ин орзуи ӯ монеаҳо эҷод кардаанд, аммо ҳанӯз маънии инро надорад, ки орзуи ӯро куштаанд. Ӯ ҳанӯз ҳам аз пайи орзуи худ равона аст. Фақат ғам ӯро ба дунёи дигар афкандааст. Ба қавли устоди равоншод Лоиқ Шералӣ: 

Ҳасудон аз хушии мо нохушанд,

Мо намемирем, моро мекушанд. 

Ҳоло дунёи дигари Раҷаби Мирзо оғоз меёбад. Як саволи ману як ҷавоби вай. Оё Шумо таҳаммули андешаҳои ӯро доред? 

-Гуфта буданд, ки «Рӯзи нав» давоми мантиқии «Чароғи рӯз» аст. Он вақт то кадом андоза дуруст гуфтанд? Зеро дар Тоҷикистон он ҳам як сол интишор шуду он ҳам…

-Категорияи фалсафие вуҷуд дорад, ки онро зарурат ва тасодуф меноманд. Агар аз ин нигоҳ бингарем, барои пайдоиши ҳам «Чароғи рӯз» ва ҳам «Рӯзи нав» пеш аз ҳама зарурат пеш омада буд. Аммо он ки тақдири ин ду рӯзномаи гуногун якхела менамояд, бовар кунед, ғайр аз тасодуф чизи дигаре нест. Агар не, замони таъсисёбии «Чароғи рӯз» Тоҷикистон акнун сохти нави давлатдориро аз худ мекарду замони таъсисёбии «Рӯзи нав» гӯиё дар ин сохти нав пешрафтҳое дошт. Бубинед, ин рӯзномаи замони нав низ бо ҳамон мушкилоте рӯ ба рӯ мегардад, ки як рӯзномаи замони гузариш ҳам дошт. Пас, аз ин чӣ хулоса метавон кард? Оё наметавон гуфт, ки мушкил дар ин рӯзномаҳо не, балки мушкил дар он аст, ки мо ба сохти нав, ба рӯзи нав нарасидаем? Дар маҷмӯъ, мушкилоти «Рӯзи нав» бори дигар исбот менамояд, ки мо ба арзишҳои демократӣ то ҳанӯз арҷ гузошта наметавонем ё намехоҳем. Ман вақте «мо» мегӯям, кулли мардумро дар назар надорам, балки манзурам масъулин ва ҳукумат аст, ки назар ва бархӯрди онҳо ба рукнҳои демократӣ на он тавре аст, ки дар қонунҳо навиштаанд ва аз минбарҳои пасту баланд дар ин бора гуфтанро дӯст медоранд.Бархе аз масъулин ҳоло дӯст медоранд, ки ба ин нукта ишора намоянд: «баъзеи рӯзномаҳо менталитети мардуми моро ба назар намегиранд». Хеле хуб дарк менамоям, ки онҳо дар зери мафҳуми «баъзеҳо рӯзномаҳо» киро дар назар доранд. Вале медонед, онҳо дар асл чӣ гуфтан мехоҳанд? Гуфтан мехоҳанд, демократия ҳам шарқиву аврупоӣ мешавад, ки ба ин тарзи баҳогузорӣ комилан розӣ нестам. Гуфта будам ва боз ҳам мегӯям, ки демократия дар назари ман адолат аст. Агар адолат амрикоӣ бошад, пас, тоҷик сазовори адолат нест? 

-Ҳар кас қабл аз оғози коре дар назди худ ҳадафе мегузорад. Аслан, мақсади Шумо аз таъсиси «Рӯзи нав» чӣ буд ва оё ба мақсади худ расидед?

-Ростӣ, баъд аз ҷамъбасти озмуни «Журналисти сол» дар соли 2003, ки бо ибтикори чанд созмони бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардида буд, мо як гурӯҳ журналистони тоҷикзабон худро то андозае таҳқирдида ҳисоб намудем.  Ман ҳатто маводе низ таҳти унвони «Террористи №0» дар ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» чоп карда будам. Зеро барандагони ин озмун аксаран журналистон русзабон буданд. Баъд аз ин пеши худ мақсад гузоштем, ки ҳатман бояд нишон дод: журналистикаи тоҷикзабон дар кишваре, ки Тоҷикистон ном дорад, авлавиятро касб намояд. Бале, мо медонистем, ки матбуоти тоҷикизабони он давраро бо матбуоти русизабон дар як поя гузоштан беадолатӣ мебуд, вале аз дасти мо он вақт коре намеомад. Моҳи августи ҳамон сол дар арафаи сисолагии зодрӯзи худ ба таъсиси рӯзномаи «Рӯзи нав» оғоз намудам. Шукри Худованд, аз шумораҳои нахустин рӯзнома маҳбубияти хонандагони сершуморро соҳиб гардид ва дар ҷамъбасти озмуни соли 2004 он сазовори ҳафт мукофоти асосии ин созмонҳо шуд. Аз ин нигоҳ ба мақсадам расидаам, аммо «Рӯзи нав» нақшаҳои ноамалигардидаи бисёре дорад, ки акнун бовар надорам, ба онҳо расида тавонем. 

-Воқеан дар вақташ бисёриҳо барои Шумо ҳасад мебурданд, ки аз фурӯши ҳафтаномаи «Рӯзи нав» фойидаи калон ба даст меоред, чунки он бозоргир буд. Дар асл чӣ манфиати молӣ дидаед?

-Замони фойидаи молӣ ба даст овардани ман аз ин рӯзнома акнун фаро расида буд, вале мутаассифона имрӯз мебинам, ки на фоида балки зарарҳое аз он  дидаам. Гап дар сари ин аст, ки шумораи ахири дар Бишкек чопнамудаи мо беш аз 3 ҳазор доллар хароҷот дошт. Қисме аз ин маблағҳоро қарз гирифта пешпардохт намуда будем, қисми дигарро бошад, аз рӯйи шартнома бояд пас аз даҳ рӯзи фурӯши ҳафтанома ба суратҳисобии бонкии чопхонаи Бишкек мегузаронидем. Хеле мутаассуфам, ки ин шумораи рӯзнома дар фурудгоҳ бе ягон сабаб аз ҷониби мақомоти андоз боздошт шуда ва давутози мо натиҷаи дилхоҳ намедод.Чуноне мебинед, аз «Рӯзи нав» фоида не, зарари моддӣ дидаам. Ин аст, ки то ҳанӯз дар хонаи иҷора зиндагӣ дорам, на дар қасри чидлу чандҳазордоллараи шахсие, ки баъзеҳо овоза кардаанд. 

-Аммо бовар кунед, ки бо «Рӯзи нав» ҷаҳон Раҷаби Мирзоро шинохт. Пас, рӯзгори пеш аз «Рӯзи нав»-ии худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Мо агар машҳур шуда бошем, бояд аз ҳукумат миннатдор бошем, ки бо мушкилоти эҷодкардаи худ тавонистан моро машҳури ҷаҳон, тавре Шумо мегӯед, намоянд. Аммо бовар кунед, ман намехостам ин тавр «машҳур» шавем. Мо мехостем ҳамчун рӯзнома шӯҳратманд бошем, вале ба мо имкон надоданд. Бархӯрди ҳукумат бо мо бештар аз як қувваи сиёсӣ буд ва ҳаст. То ҳанӯз онҳо бовар доранд, дар пушти мо ким-кадом сиёсатмадори пурқуввате истодааст ва мақсади мо тағйир додани роҳбарияти Тоҷикистон мебошад. Аз рӯйи овозаҳо чандин шахсияти воломақом ба «Қуръон» қасам дода шудаанд, ки бо мо иртиботе доранд, ё не. Дар маҷмӯъ, ба мо назар ба имконияти мо бештар баҳо медиҳанд. Ҳол он ки мо рӯзномае беш нестем ва тамоми имкону қудрати мо низ дар ҳамин дойира аст. 

-Марги тифл барои падар ҷонкоҳ аст. Вақте «тифли яксола»-и Шуморо ба қавле куштан мехостанд, чӣ қадар ранҷ мекашидед?

-Кадом рӯз дар як хабар хондам, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар бобати маргу мири атфол пешсаф мебошад. Ин аҷобате надорад. Дар ин кишвар «калонтар»-ҳое ҳастанд, ки «кӯдакон»-ро дӯст намедоранд ва барои онҳо шароити мусоид фароҳам намеоранд, то солиму бардам ба дунё оянд ва дар кӯдакӣ намиранд.Бале, ман сари «тифл»-и худ  - «Рӯзи нав» ва тақдири ояндаи ӯ бисёр меандешам. Аламовартар он аст, ки ин «тифл»-и ман солим аб дунё омада буд ва дардмандие надошт. Аммо он як рӯз аз хона баромаду дигар барнагашт. ӯро ё дуздиданд, ё ба ягон фалокате гирифтор шудааст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ бовар надорам, ки ӯ дигар зинда бошад. 

-Вақте Шуморо дуввумбора мавриди латукӯб қарор доданд, дар изҳороти худ навишат будед, ки ташкилкунандагони ин саҳнаро хеле хуб медонед, аммо онро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозгӯ намоянд. Мутаассифона, мақомот ба ин ҳодиса аҳамияти хос надоданд ва имрӯз он аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Оё имрӯз гуфта метавонед, ки захми сари Шумо доғи дасти кӣ буд?

-Ман номи гумонбарро барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта будам, аммо онҳо дар ин самт чӣ корҳоеро ба анҷом расониданд, барои ман маълум нест. Вале бояд иқрор шавам, ки назари ман ба ин ҳодиса дигар аст. Бубинед, моҳи январ вақте сӯйиқасди аввал ба ҷони ман сурат гирифт, Тоҷикистон дар ҳолати номӯътадили авзои сиёсӣ қарор дошт. «Бӯҳрони Ғаффор Мирзоев», «Мушкилоти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Саламшо Муҳаббатов» низ дар ҳамин давра ба вуҷуд омада буданд. Аммо он вақт ман дар бораи мушкилоти худ лаб накушодам. Пас аз ҳафтаи сӯйиқасди дуввум ба ман Ғаффор Мирзоев боздошт гардид. Баъдтар қазияи Рустам Файзиев ва Султон Қувват, баъдтар задухӯрдҳо дар Тоҷикободу Рашт ва боз «проблемаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров» пеш омаданд. Ҳамаи ин ҳодисаҳоро таҳлил намуда ба хулосае омадам, ки ду сӯйиқасд ба ман хислати дуркунандагӣ аз ҳодисаҳои баъдиро доранд. Яъне агар ман дар бораи сӯйиқасди аввал садо баланд мекардам, шояд ҳодисаҳои дар моҳи август-сентябр ба амаломада ҳамон замон ба вуқӯъ мепайвастанд? 

-Шояд имрӯз сухане доред, ки то ҳол барои мардум ва ҳукумати кишвар нагуфтаед?

-Суханҳои ногуфтаам бисёранд. Умр боқӣ бошад, онҳро мегӯем. Вале ҳамин замон як ташбеҳе ба хотири ман мерасад, ки гуфтанашро зарур медонам. Чордаҳ сол пеш аз ин, ба сарзамини собиқ СССР, аз ҷумла ба Тоҷикистон духтараки зебое омада буд, ки Демократия ном дошт. Ба ин духтараки хушрӯ ҳама -  чи пиру чи ҷавон, чи коммунисту чи исломӣ, чи гадову бой ошиқ шуданд ва изҳори муҳаббат намуданд. Ин духтарак шефтаи суханони зебои онҳо гардид ва бо хар кадомашон дар алоҳидагӣ ишрзӣ намуд. Эҳсос накард, ки рӯзе ба…фоҳиша табдил меёбад. Имрӯз аз ин «ишқи сиёҳ» духтараке таваллуд намудааст, ки аз модараш ҳам зеботар аст. Боз ҳам ба ин духтараки зебо чашмпаррониву изҳори ишқ оғоз гардидааст. Бовар кунед, ман аз он тарс дорам, ки ин дафъа ҳам ин духтараки хушрӯ моили суханони булҳавасонаи онҳое мегардад, ки чордаҳ сол қабл модари ӯро бадбахт намуда буданд. Биёед, дар ҳамҷоягӣ ба ин духтараки хушрӯ кӯмак намоем ва ӯро аз роҳи бал гардонем. Ин аст хоҳиши ягонаи ман. 

-???

-??? 

-Хайр, боз хоҳем дид?

-Хайр, то дидор!!!

Забони бе «СОМОН»

Posted in Мавқеъ on January 29, 2008 by yoron

Забон ҳам сомон дорад? Дорад. Хосса, забоне, ки аз ҷониби пайравонаш ғамхории ҷиддӣ ва пайваста намебинад, тез ба сомон мерасад.

Аслан, сомон вожаи тоҷикӣ аст, ки дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънии саранҷом омадааст. Аммо «Сомон»-е, ки мо ҳоло дар бораи он мегӯем, нашрияи Бунёди байналмиллалии забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад, ки аз соли 2000 инҷониб рӯйи чопро намебинад. Магар касе муқобили чопи ин нашрия дар Тоҷикистон аст? Не. Фақат маблағ намерасад. Аз ин рӯ, ҳисоб кунед, ки забони ҳар миллат барои мардумонаш азиз аст, забони мо барои мо чӣ? 

Акнун мақомоти давлатию ғайридавлатӣ сари он андеша кунанд, ки нашри «Сомон» барои чӣ ин қадар барои мо лозим будааст. Алҳол кам нестанд забоншиносон, олимони соҳаи забон, ки назари худро нисбат ба забони тоҷикӣ гуфтан мехоҳанд. Вале на ҳамаи онҳо қудрати чоп кардани мақолаҳояшонро дар нашрияҳо доранд.

Мардум аз ҳоли имрӯзаи забони тоҷикӣ бедарак аст. Имлои нави забони тоҷикиро на ҳамаи одамон тавони дастрас кардан дорад. Пас, хидмати «Сомон» ин буд, ки чун дар гузашта муаммоҳои асосии забониро матраҳ мекард.  

Имрӯз воқеан ҳам барои ман аламовар аст, ки дар асри технологияи навин мо ҳанӯз сари забон, забони худамон баҳс мекунем. Бовар кунед, мо ҳоло ҳам забони якдигарро намефаҳмем. Ҳатто кормандони нашрияҳои тоҷикизабон саргум задаанд ва намедонанд, ки забони рӯзномаи онҳо кадом аст: тоҷикӣ ё …?

Мардум бошад, тамоман намефаҳмад: ин забон забони мост, ё аз они каси дигар? Ана, бинед. Танҳо дар як мақола калимаи комютер (computer)-ро ба се навъ менависанд: компютер, компутар, роёна. Кӣ кафолати дурустии ин калимаҳоро медиҳад? Оё ин забон меъёр дорад? Меъёри ин забонро кӣ муайян мекунад? Чаро ноширону китобнависон ва раҳбарони нашрияҳое, ки бо рӯйи кор овардани ғалатҳои забонӣ рӯҳияи мардуми худшиносро таҳқир карданд, ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд? Ин дар ҳолест, ки танҳо барои напардохтани ҳаққи истифодаи барқу гази табиӣ бисёриҳо ҷазо ҳам гирифтаанд.

Магар қиммати забон аз қиммати барқ афзунтар нест?! 

Садҳо ташкилот, рӯзнома, родиё ва телевизионҳои давлатию ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ҳамасола даҳҳо китоб ба нашр мерасаду даҳҳо китоб аз забони хориҷӣ ба тоҷикӣ баргардон мешавад. Аз болои ҳамаи ин назорат бурда мешавад, ё не? Чунки ҳангоми мутолиаи китоби «Дар ҷустуҷӯйи ҳақиқат», ки аз ҷониби Маркази Созмони амният ва ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе мураттаб гардидааст, дар ҳар саҳифа ба андозаи панҷ ва зиёда аз он хатоии имлоӣ ва забонӣ ба чашм мехӯрад.  Ҳарчанд Ҳукумати Тоҷикистон дар бештари маврид аз забони тоҷикӣ пуштибонӣ мекунад, аммо забони тоҷикӣ ба пуштибонии умумимиллӣ ниёз дорад. Забони тоҷикӣ забони танҳо ҳайъати Ҳукумати Тоҷикистон не, забони тамоми тоҷикистониён аст. Пас, ҳамаи мо дар якҷоягӣ қудрат ва тавони интишори як рӯзномаро надорем, ки пайваста аз вазъи забони мо нависад? Модар – Ватан интизор аст, ки фарзандонаш барои ӯ чӣ хидмату дастгирие карда метавонад, мо ҳам!

НОДИРТАРИН АСАРИ “АСРИ ДЕВОНА”

Posted in Адабиёт ва Фарҳанг on January 29, 2008 by yoron

Иршод Сулаймонӣ

————————– 

Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ на танҳо миллати тоҷикро аз бунбаст раҳонид, балки ҳуқуқи дубора зиндагӣ карданро барои миллати тоҷик дод… 

Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,

Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард. 

Яке аз файласуфони машҳури ҷаҳон гуфтааст, киҳангоми баҳодиҳӣ ба асри ХХ муҳаққиқон онро асри девона хоҳанд номид”. Миллати тоҷик ҳам аз девонагиҳои ин садаи ХХ “бебаҳра” намонд. Ин девонагиҳо дар ду давра миллати моро ба ҷунунӣ кашид. Яке ибтидои қарни бистум ва дигаре охири ҳамин аср дар солҳои навадум. Хушбахтона, баъзе фарзандони бузурги миллат аз ин девонагӣ дар канор монда буданд, ки баҳри давои ин ҷунун дору сохта, онро даво мекарданд ва мардуми тоҷикро ба сӯйи созандагию хирадмандӣ раҳнамоӣ мекарданд. Ин ҷо гап сари аллома Айнӣ ва китоби ӯ – муҳофизи миллати мо “Намунаи адабиёти тоҷик” меравад. 

Миллати тоҷик ва фарҳангу шеваи рӯзгори он аз ибтидоиасри девонаба бисёр кӯшишҳо, аз ҷумла пантуркистӣ рӯёрӯ омад. Баъзе зуҳуроте, ки бар асари Инқилоби Октябри Русия рӯ заданд, ба ин дег равѓан рехт. Миллати тоҷик дар ин даврон ба иборае байни обу оташ монд. Донишманди тоҷик, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов дар китоби хеш чунин меоварад: “Пантуркизм, ки дар поёни садаи ХIХ дар Туркия бар заминаи пиндоштҳои усмония ба бар омада (оѓозгарону мубаллиѓонаш – Зиё Турк Алп, Юсуф Оқчур-Уѓлӣ, Аҳмад Оѓоев, Капрюлузода ва дигарон) ба зудӣ аз ҷониби миллатгароёни турк дар марказҳои фарҳангии тоҷикон-Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Фарғона, Хоразм, Хӯқанд пуштибонӣ дида, аз тарафи ҳокимони манѓит, интишори адабиёти таблиѓотии пантуркистӣ, чун осори адибони маҳалгарон Турк Зиё, Маҳмад Амин, Аҳмад Ҳикмат, Анис Беҳиҷ, Холида Адит ва дигарон, кирдорҳои пантуркистонаи гурӯҳе аз равшанони дар Туркия таҳсилдидаи тоҷик, аз шумораи Абдулрауфи Фитрат, Усмонхӯҷа Пӯлодхӯҷаев, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва дигарон, бештар ба Осиёи Миёна равона кардани асирони ҷанги турк аз ҷониби импералистони рус, ба вижа дар Самарқанд, Бухорову Тошканд ҷойгузин сохтани онон ва сари мансабҳои давлативу ҳизбӣ омадани онҳо хеле густариш ёфта, тавонманд гардид”.

Овардани ин иқтибос фикрҳои моро тақвият медиҳад ва як навъ муайян мекунад, ки амвоҷи ин ҷараён (пантуркизм) чӣ гуна равшанфикрони тоҷикро ба гирдоб мекашид. Яке аз воситаҳои дигаре, ки дар ин даврон барои ифодаи орзу ва ормонҳои мардуми мо мехӯрд, матбуот буд. Аммо нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф”-ро ҳукумати манѓитӣ чун тифли яксола қатл намуд. Баъд аз шикасти низоми чандинҳазорсолаи подшоҳӣ дар ин сарзамин (соли 1920) ҳукумати шӯроӣ барои мустаҳкамтар намудани решаҳои аҳдофи сиёсиаш дар Осиёи Миёна ба тақсимоти миллию ҳудудӣ пардохт. Дар ҳамин давра зарбаи таърихро хӯрд, зеро ҷудо шудан аз сарзамини аҷдодии хеш, ин ҳам шаҳрҳое чун Самарқанду Бухоро шабеҳи тифлеро бармаҳал ҷудо кардан аз пистон буд. Мувофиқ ба гуфтаҳои муаллифи “Сад ранги сад сол: Тоҷикон дар қарни бистум”: ҳукумати шӯроӣ тақсимоти миллию ҳудудиро на аз рӯйи адолат, балки бо назардошти мақсадҳои геопалитикиаш пиёда кард. Пантуркистон дар ин давра мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд.

Маҳз дар ҳамин давра асари устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” то андозае ба дарди миллати тоҷик даво бахшид. Пантуркистон забони тоҷикиро маҳв карданӣ буданд. Мактабҳоро ӯзбакӣ мекарданд. Тоҷиконро ба мансабҳои давлатию ҳизбӣ роҳ намедоданд. Матбуоти тоҷикро мебастанд. Ин дардҳо устод Айниро ба навиштани “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳидоят кард. Айнӣ бо навиштани ин китоб гӯтё рисолати фарзандии худро иҷро намуд. Айнӣ аз 2 марти соли 1925 то 12 октябри соли 1925 болои “Намунаи адабиёти тоҷик” заҳмат мекашад. Табиист, ки устод Айнӣ зимни таълифи китоб аз сарчашмаҳо низ истифода мебурд. Тибқи гуфтаи аҳли таҳқиқ дар навиштани ин асар аз 63 манбаъ, 17 баёз ва чандин китобу дастхатҳо истифода бурдааст. Дар он солҳо дар Тоҷикистон ва ӯзбекистон нашриёти қодир ба чопи ин гуна асари азим мавҷуд набуд.

Аз ин лиҳоз, устод Лоҳутӣ чопи асарро дар Маскав ба ӯҳда гирифт. Ҳамин тариқ, “Намунаи адабиёти тоҷик” дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 5000 нусха соли 1926 дар Маскав аз ҷониби нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба табъ расид. Бинобар гуфтаҳои муҳаққиқон Айнӣ дар ин асар ба чор масъалаи бунёдии рӯз, дар ибтидои солҳои бистуми қарни гузашта равшанӣ андохтааст: Исботи мавҷудияти таърихии халқи тоҷик ва забону адабиёти он; тарѓиби омӯзиши мероси адабӣ; ташвиқи нирӯҳои нав ба кори эҷодӣ; баёни шарҳи усул ва хусусиятҳои адабиёти шӯроӣ. Ҳарчанд, аввалин зарбаҳоро ба пантуркистон нашрияиШӯълаи инқилобзада буд, аммо Айнӣ ин зарбаҳоро ба шеваи хос, балки айниёна зад. Беш аз ҳама ҷону тани Айнӣ аз ин гуфта ба дард меомад, ки миллатгароён таъкид мекарданд. “Дар Осиёи Миёна тоҷик ном як халқ нест, инҳо ҳамон ӯзбаконанд, ки ба таъсири Эрон ва мадраса забони худро гум кардаанд (Р.Масов., “История топорного разделия”). Садриддин Айнӣ бошад, дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ин ақидаро рад карда, боифтихор менависад: “Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунон як қавми муаззам бо номи тоҷик ё ки тоҷик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст”. Айнӣ поёнтар чунин қайд мекунад: “Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷойҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён, ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷойҳост”. 

Лозим ба ёдоварист, ки баъд аз чопиНамунаи адабиёти тоҷикдили ҳазорон-ҳазор душманони миллати тоҷик ҷирахдор шуд. Агарчи аксари навиштаҳо перомуни асар ҷанбаи мусбӣ дошта бошанд ҳам, аммо баъзе ѓаразҷӯён асар ва нигорандаи онро зери танқид гирифтанд. Аввалин нафаре, ки моҳияти бузурги илмиву фарҳангии асарро зикр кардааст, ин устод Лоҳутӣ буд. Лоҳутӣ асарро “беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон” номид. Асари Айнӣ бар хилофи марзбандии коммунистҳо ин марзҳоро убур кард. Ҳанӯз донишманди маъруфи Эрон Сайид Нафисӣ дар мақолаи арзишманди худ зери унвони “Сарзамини поки ниёгонам” ин китобро баҳои баланд медиҳад. 

Тақризҳои манфӣ ба китоб асосан ба қалами Баҳриддин Азизӣ, Ҷалол Икромӣ тааллуқ доштанд. Ин тақризҳо асосан бар асари баъзе равияҳо падид омада буданд. Ин чиз албатта Айниро азоби сахт медод. Дар ҳамин маврид бисёр шарқшиносони   рус, аз ҷумлаи  М.Дияков, Бертелс, Шевердин ба дифои Айнӣ бархестанд. Асари Айнӣ барои халқи тоҷик беҳтарин ва накӯтарин эҳдои Худованд аст. Чопи ин асар ҳангоми тақсимоти миллию ҳудудӣ дар Осиёи Миёна ба манфиати миллати кӯҳанбунёди тоҷик буд. Ин таҷаллии нуре буд дар зулмати туркона ва миллатгароёнаи баъзе ақвом. Ин асар як миллат, ин ҳам миллати кӯҳанбунёди тоҷикро аз манқуртшавӣ (аниқтараш аз манқурткунӣ) раҳонид. Асар на танҳо миллати тоҷикро аз бунбаст раҳонид, балки ҳуқуқи дубора зиндагӣ карданро барои миллати тоҷик дод. Ин аст рисолати фарзандӣ… Ин аст рисолати мансуб будан ба як миллат… Ин аст ҷонфидоӣ ё ин аст асари мондагори давр…  

Номаҳо, номаҳои беохир

Posted in Номаҳо on January 29, 2008 by yoron

Ман аз наврасиям ба номанависӣ шавқ доштам. Шабҳо барои духтарони ҳамсинфу ҳамдарсам нома менавиштам, номаҳои ошиқона. Ҳар рӯз ҷавоби номаҳоро низ мегирифтам. Номаҳои хубу хуш. Онҳоро дар сандуқе баста кардаам. Аксашон низ ҳаст. Он аксҳо ва номаҳо маро ба дунёи беолоишу беғаши навҷавонӣ мебарад. Дигар ин тӯли солҳо ман дигар натавонистам номаи самимӣ ва кӯдакона нависам. Ҳоло ин  номаро варақ мезанем, ки номаи охирини як духтари ҳамдарси ман буд. Номаҳои дигарро дар навбати дигар хоҳем хонд.

nomaho.jpgnomaho-1.jpgnomaho-2.jpgnomaho-3.jpg