Oh, my God!
Духтараки 17-солаи тоҷик ба марди 35-солаи чиноӣ?!
Хабари охирине, ки дар бораи Тоҷикистон дарёфтам, хеле даҳшатбор аст. CA-news.org менависад, ки дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як хонавода хостаанд духтари худро иҷборан ба шавҳар диҳанд. Дарди ба хайр, агар шавҳаршаванди ин духтарак тоҷик мебуд. Мутаассифам, духтараки 17-соларо волидонаш (намедонам аз рӯи раҳмдилӣ ё бераҳмии худ) мехостаанд ба як марди 35 – солаи чиноӣ никоҳ кунанд. Рости гап, дарёфти пулу мол чашми моро кӯр кардааст. Мо дигар шарму ҳаё, нангу номусу орро ба як пули пуч фурӯхтаем. Дигар парво надорем, ки ба мо пул медиҳанду бо хоҳару духтару зани мо чи кор мекунанд. Бори ин ҳама бешармиро фардо кӣ мебардорад? Идомаи хабар аҷоиб аст: Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парванда боз кардаанд ва (мисли ҳамеша) тафтишот идома дорад…

March 4, 2008 at 2:15 pm
Ин дар хакикат вахшатангез аст, ки бехтарин душизагони точик хамсари ачониб мешаванд. Акнун мард шаведу бовар кунед, ки ба навиштаи устод Улугзода занон ба хотири онки ба дасти бегонагон наафтард, худро аз чарй ба зер меафканданд ва кушта мешуданд.
Шояд касоне ки мегуед, точик нестанд?
March 4, 2008 at 11:51 pm
Точвари азиз,
Точик бисёр, аммо точики асил кам аст. Гузашта аз ин, дигар нангу ору точики хам гум шудааст. Пас, инхоеро, ки барои молу сарват худу наздикони худро мефурушанд, точик гуфтан мумкин аст?