Иршод Сулаймонӣ
————————–
Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ на танҳо миллати тоҷикро аз бунбаст раҳонид, балки ҳуқуқи дубора зиндагӣ карданро барои миллати тоҷик дод…
Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард.
Яке аз файласуфони машҳури ҷаҳон гуфтааст, ки “ҳангоми баҳодиҳӣ ба асри ХХ муҳаққиқон онро асри девона хоҳанд номид”. Миллати тоҷик ҳам аз девонагиҳои ин садаи ХХ “бебаҳра” намонд. Ин девонагиҳо дар ду давра миллати моро ба ҷунунӣ кашид. Яке ибтидои қарни бистум ва дигаре охири ҳамин аср дар солҳои навадум. Хушбахтона, баъзе фарзандони бузурги миллат аз ин девонагӣ дар канор монда буданд, ки баҳри давои ин ҷунун дору сохта, онро даво мекарданд ва мардуми тоҷикро ба сӯйи созандагию хирадмандӣ раҳнамоӣ мекарданд. Ин ҷо гап сари аллома Айнӣ ва китоби ӯ – муҳофизи миллати мо “Намунаи адабиёти тоҷик” меравад.
Миллати тоҷик ва фарҳангу шеваи рӯзгори он аз ибтидои “асри девона” ба бисёр кӯшишҳо, аз ҷумла пантуркистӣ рӯёрӯ омад. Баъзе зуҳуроте, ки бар асари Инқилоби Октябри Русия рӯ заданд, ба ин дег равѓан рехт. Миллати тоҷик дар ин даврон ба иборае байни обу оташ монд. Донишманди тоҷик, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов дар китоби хеш чунин меоварад: “Пантуркизм, ки дар поёни садаи ХIХ дар Туркия бар заминаи пиндоштҳои усмония ба бар омада (оѓозгарону мубаллиѓонаш – Зиё Турк Алп, Юсуф Оқчур-Уѓлӣ, Аҳмад Оѓоев, Капрюлузода ва дигарон) ба зудӣ аз ҷониби миллатгароёни турк дар марказҳои фарҳангии тоҷикон-Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Фарғона, Хоразм, Хӯқанд пуштибонӣ дида, аз тарафи ҳокимони манѓит, интишори адабиёти таблиѓотии пантуркистӣ, чун осори адибони маҳалгарон Турк Зиё, Маҳмад Амин, Аҳмад Ҳикмат, Анис Беҳиҷ, Холида Адит ва дигарон, кирдорҳои пантуркистонаи гурӯҳе аз равшанони дар Туркия таҳсилдидаи тоҷик, аз шумораи Абдулрауфи Фитрат, Усмонхӯҷа Пӯлодхӯҷаев, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва дигарон, бештар ба Осиёи Миёна равона кардани асирони ҷанги турк аз ҷониби импералистони рус, ба вижа дар Самарқанд, Бухорову Тошканд ҷойгузин сохтани онон ва сари мансабҳои давлативу ҳизбӣ омадани онҳо хеле густариш ёфта, тавонманд гардид”.
Овардани ин иқтибос фикрҳои моро тақвият медиҳад ва як навъ муайян мекунад, ки амвоҷи ин ҷараён (пантуркизм) чӣ гуна равшанфикрони тоҷикро ба гирдоб мекашид. Яке аз воситаҳои дигаре, ки дар ин даврон барои ифодаи орзу ва ормонҳои мардуми мо мехӯрд, матбуот буд. Аммо нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф”-ро ҳукумати манѓитӣ чун тифли яксола қатл намуд. Баъд аз шикасти низоми чандинҳазорсолаи подшоҳӣ дар ин сарзамин (соли 1920) ҳукумати шӯроӣ барои мустаҳкамтар намудани решаҳои аҳдофи сиёсиаш дар Осиёи Миёна ба тақсимоти миллию ҳудудӣ пардохт. Дар ҳамин давра зарбаи таърихро хӯрд, зеро ҷудо шудан аз сарзамини аҷдодии хеш, ин ҳам шаҳрҳое чун Самарқанду Бухоро шабеҳи тифлеро бармаҳал ҷудо кардан аз пистон буд. Мувофиқ ба гуфтаҳои муаллифи “Сад ранги сад сол: Тоҷикон дар қарни бистум”: ҳукумати шӯроӣ тақсимоти миллию ҳудудиро на аз рӯйи адолат, балки бо назардошти мақсадҳои геопалитикиаш пиёда кард. Пантуркистон дар ин давра мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд.
Маҳз дар ҳамин давра асари устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” то андозае ба дарди миллати тоҷик даво бахшид. Пантуркистон забони тоҷикиро маҳв карданӣ буданд. Мактабҳоро ӯзбакӣ мекарданд. Тоҷиконро ба мансабҳои давлатию ҳизбӣ роҳ намедоданд. Матбуоти тоҷикро мебастанд. Ин дардҳо устод Айниро ба навиштани “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳидоят кард. Айнӣ бо навиштани ин китоб гӯтё рисолати фарзандии худро иҷро намуд. Айнӣ аз 2 марти соли 1925 то 12 октябри соли 1925 болои “Намунаи адабиёти тоҷик” заҳмат мекашад. Табиист, ки устод Айнӣ зимни таълифи китоб аз сарчашмаҳо низ истифода мебурд. Тибқи гуфтаи аҳли таҳқиқ дар навиштани ин асар аз 63 манбаъ, 17 баёз ва чандин китобу дастхатҳо истифода бурдааст. Дар он солҳо дар Тоҷикистон ва ӯзбекистон нашриёти қодир ба чопи ин гуна асари азим мавҷуд набуд.
Аз ин лиҳоз, устод Лоҳутӣ чопи асарро дар Маскав ба ӯҳда гирифт. Ҳамин тариқ, “Намунаи адабиёти тоҷик” дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 5000 нусха соли 1926 дар Маскав аз ҷониби нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба табъ расид. Бинобар гуфтаҳои муҳаққиқон Айнӣ дар ин асар ба чор масъалаи бунёдии рӯз, дар ибтидои солҳои бистуми қарни гузашта равшанӣ андохтааст: Исботи мавҷудияти таърихии халқи тоҷик ва забону адабиёти он; тарѓиби омӯзиши мероси адабӣ; ташвиқи нирӯҳои нав ба кори эҷодӣ; баёни шарҳи усул ва хусусиятҳои адабиёти шӯроӣ. Ҳарчанд, аввалин зарбаҳоро ба пантуркистон нашрияи “Шӯълаи инқилоб” зада буд, аммо Айнӣ ин зарбаҳоро ба шеваи хос, балки айниёна зад. Беш аз ҳама ҷону тани Айнӣ аз ин гуфта ба дард меомад, ки миллатгароён таъкид мекарданд. “Дар Осиёи Миёна тоҷик ном як халқ нест, инҳо ҳамон ӯзбаконанд, ки ба таъсири Эрон ва мадраса забони худро гум кардаанд (Р.Масов., “История топорного разделия”). Садриддин Айнӣ бошад, дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ин ақидаро рад карда, боифтихор менависад: “Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунон як қавми муаззам бо номи тоҷик ё ки тоҷик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст”. Айнӣ поёнтар чунин қайд мекунад: “Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷойҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён, ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷойҳост”.
Лозим ба ёдоварист, ки баъд аз чопи “Намунаи адабиёти тоҷик” дили ҳазорон-ҳазор душманони миллати тоҷик ҷирахдор шуд. Агарчи аксари навиштаҳо перомуни асар ҷанбаи мусбӣ дошта бошанд ҳам, аммо баъзе ѓаразҷӯён асар ва нигорандаи онро зери танқид гирифтанд. Аввалин нафаре, ки моҳияти бузурги илмиву фарҳангии асарро зикр кардааст, ин устод Лоҳутӣ буд. Лоҳутӣ асарро “беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон” номид. Асари Айнӣ бар хилофи марзбандии коммунистҳо ин марзҳоро убур кард. Ҳанӯз донишманди маъруфи Эрон Сайид Нафисӣ дар мақолаи арзишманди худ зери унвони “Сарзамини поки ниёгонам” ин китобро баҳои баланд медиҳад.
Тақризҳои манфӣ ба китоб асосан ба қалами Баҳриддин Азизӣ, Ҷалол Икромӣ тааллуқ доштанд. Ин тақризҳо асосан бар асари баъзе равияҳо падид омада буданд. Ин чиз албатта Айниро азоби сахт медод. Дар ҳамин маврид бисёр шарқшиносони рус, аз ҷумлаи М.Дияков, Бертелс, Шевердин ба дифои Айнӣ бархестанд. Асари Айнӣ барои халқи тоҷик беҳтарин ва накӯтарин эҳдои Худованд аст. Чопи ин асар ҳангоми тақсимоти миллию ҳудудӣ дар Осиёи Миёна ба манфиати миллати кӯҳанбунёди тоҷик буд. Ин таҷаллии нуре буд дар зулмати туркона ва миллатгароёнаи баъзе ақвом. Ин асар як миллат, ин ҳам миллати кӯҳанбунёди тоҷикро аз манқуртшавӣ (аниқтараш аз манқурткунӣ) раҳонид. Асар на танҳо миллати тоҷикро аз бунбаст раҳонид, балки ҳуқуқи дубора зиндагӣ карданро барои миллати тоҷик дод. Ин аст рисолати фарзандӣ… Ин аст рисолати мансуб будан ба як миллат… Ин аст ҷонфидоӣ ё ин аст асари мондагори давр…