Archive for the Адабиёт ва Фарҳанг Category

Чанд андеша аз “Саду як андеша”

Posted in Адабиёт ва Фарҳанг on March 8, 2008 by yoron

Ду сол пеш як китоби Раҳими Мусулмониён ба дасти ман расид, ки Саду як андеша ном дошт. Китоби саропо андеша. Ва ҳоло чанд андеша аз ин китоб:  

Сарнавишти мардумро аз он пешбинӣ кардан метавон, ки қиблааш кист: тавонгар ё хирадманд. 

 *** 

Душман набошад, фориғбол мешавем ва фориғболӣ марг аст.

*** 

Мурғони осмон ба ҳоли қавме хоҳанд гирист, ки фарзонагонаш дар кишварҳои бегона ҳаммоливу мардикорӣ мекунанд.  

*** 

Чун мардум гурснаву луч аст, раъйи худро ба орду калӯш мефурӯшад ва Маҷлис бозичаи бозингарон мешавад ва қонуне, ки тасвиб мекунанд – калӯшкӯҳна.  

*** 

Қонуне, ки калӯшфурӯшон дуруст мекунанд, лоиқи пойи пойи калон хоҳад буд, на чароғи дасти мардум.  

*** 

Тоҷикистон аз бепулу бемансабу бесавод аст, ки дар ҳич як гӯшаи дунё намеғунҷад (агар ғунҷад ҳам ё таҳхона аст, ё гӯшаи зиндон), ҷуз Тоҷикистони худаш. 

*** 

Узбак худро он вақт нотавон донад, ҳамсӯҳбаташ бо забони вай гап назанад. Тоҷик худро он гоҳ нотавон донад, ки ба забони ҳамсӯҳбаташ гап зада натавонад.    

НОДИРТАРИН АСАРИ “АСРИ ДЕВОНА”

Posted in Адабиёт ва Фарҳанг on January 29, 2008 by yoron

Иршод Сулаймонӣ

————————– 

Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ на танҳо миллати тоҷикро аз бунбаст раҳонид, балки ҳуқуқи дубора зиндагӣ карданро барои миллати тоҷик дод… 

Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,

Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард. 

Яке аз файласуфони машҳури ҷаҳон гуфтааст, киҳангоми баҳодиҳӣ ба асри ХХ муҳаққиқон онро асри девона хоҳанд номид”. Миллати тоҷик ҳам аз девонагиҳои ин садаи ХХ “бебаҳра” намонд. Ин девонагиҳо дар ду давра миллати моро ба ҷунунӣ кашид. Яке ибтидои қарни бистум ва дигаре охири ҳамин аср дар солҳои навадум. Хушбахтона, баъзе фарзандони бузурги миллат аз ин девонагӣ дар канор монда буданд, ки баҳри давои ин ҷунун дору сохта, онро даво мекарданд ва мардуми тоҷикро ба сӯйи созандагию хирадмандӣ раҳнамоӣ мекарданд. Ин ҷо гап сари аллома Айнӣ ва китоби ӯ – муҳофизи миллати мо “Намунаи адабиёти тоҷик” меравад. 

Миллати тоҷик ва фарҳангу шеваи рӯзгори он аз ибтидоиасри девонаба бисёр кӯшишҳо, аз ҷумла пантуркистӣ рӯёрӯ омад. Баъзе зуҳуроте, ки бар асари Инқилоби Октябри Русия рӯ заданд, ба ин дег равѓан рехт. Миллати тоҷик дар ин даврон ба иборае байни обу оташ монд. Донишманди тоҷик, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов дар китоби хеш чунин меоварад: “Пантуркизм, ки дар поёни садаи ХIХ дар Туркия бар заминаи пиндоштҳои усмония ба бар омада (оѓозгарону мубаллиѓонаш – Зиё Турк Алп, Юсуф Оқчур-Уѓлӣ, Аҳмад Оѓоев, Капрюлузода ва дигарон) ба зудӣ аз ҷониби миллатгароёни турк дар марказҳои фарҳангии тоҷикон-Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Фарғона, Хоразм, Хӯқанд пуштибонӣ дида, аз тарафи ҳокимони манѓит, интишори адабиёти таблиѓотии пантуркистӣ, чун осори адибони маҳалгарон Турк Зиё, Маҳмад Амин, Аҳмад Ҳикмат, Анис Беҳиҷ, Холида Адит ва дигарон, кирдорҳои пантуркистонаи гурӯҳе аз равшанони дар Туркия таҳсилдидаи тоҷик, аз шумораи Абдулрауфи Фитрат, Усмонхӯҷа Пӯлодхӯҷаев, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва дигарон, бештар ба Осиёи Миёна равона кардани асирони ҷанги турк аз ҷониби импералистони рус, ба вижа дар Самарқанд, Бухорову Тошканд ҷойгузин сохтани онон ва сари мансабҳои давлативу ҳизбӣ омадани онҳо хеле густариш ёфта, тавонманд гардид”.

Овардани ин иқтибос фикрҳои моро тақвият медиҳад ва як навъ муайян мекунад, ки амвоҷи ин ҷараён (пантуркизм) чӣ гуна равшанфикрони тоҷикро ба гирдоб мекашид. Яке аз воситаҳои дигаре, ки дар ин даврон барои ифодаи орзу ва ормонҳои мардуми мо мехӯрд, матбуот буд. Аммо нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф”-ро ҳукумати манѓитӣ чун тифли яксола қатл намуд. Баъд аз шикасти низоми чандинҳазорсолаи подшоҳӣ дар ин сарзамин (соли 1920) ҳукумати шӯроӣ барои мустаҳкамтар намудани решаҳои аҳдофи сиёсиаш дар Осиёи Миёна ба тақсимоти миллию ҳудудӣ пардохт. Дар ҳамин давра зарбаи таърихро хӯрд, зеро ҷудо шудан аз сарзамини аҷдодии хеш, ин ҳам шаҳрҳое чун Самарқанду Бухоро шабеҳи тифлеро бармаҳал ҷудо кардан аз пистон буд. Мувофиқ ба гуфтаҳои муаллифи “Сад ранги сад сол: Тоҷикон дар қарни бистум”: ҳукумати шӯроӣ тақсимоти миллию ҳудудиро на аз рӯйи адолат, балки бо назардошти мақсадҳои геопалитикиаш пиёда кард. Пантуркистон дар ин давра мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд.

Маҳз дар ҳамин давра асари устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” то андозае ба дарди миллати тоҷик даво бахшид. Пантуркистон забони тоҷикиро маҳв карданӣ буданд. Мактабҳоро ӯзбакӣ мекарданд. Тоҷиконро ба мансабҳои давлатию ҳизбӣ роҳ намедоданд. Матбуоти тоҷикро мебастанд. Ин дардҳо устод Айниро ба навиштани “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳидоят кард. Айнӣ бо навиштани ин китоб гӯтё рисолати фарзандии худро иҷро намуд. Айнӣ аз 2 марти соли 1925 то 12 октябри соли 1925 болои “Намунаи адабиёти тоҷик” заҳмат мекашад. Табиист, ки устод Айнӣ зимни таълифи китоб аз сарчашмаҳо низ истифода мебурд. Тибқи гуфтаи аҳли таҳқиқ дар навиштани ин асар аз 63 манбаъ, 17 баёз ва чандин китобу дастхатҳо истифода бурдааст. Дар он солҳо дар Тоҷикистон ва ӯзбекистон нашриёти қодир ба чопи ин гуна асари азим мавҷуд набуд.

Аз ин лиҳоз, устод Лоҳутӣ чопи асарро дар Маскав ба ӯҳда гирифт. Ҳамин тариқ, “Намунаи адабиёти тоҷик” дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 5000 нусха соли 1926 дар Маскав аз ҷониби нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба табъ расид. Бинобар гуфтаҳои муҳаққиқон Айнӣ дар ин асар ба чор масъалаи бунёдии рӯз, дар ибтидои солҳои бистуми қарни гузашта равшанӣ андохтааст: Исботи мавҷудияти таърихии халқи тоҷик ва забону адабиёти он; тарѓиби омӯзиши мероси адабӣ; ташвиқи нирӯҳои нав ба кори эҷодӣ; баёни шарҳи усул ва хусусиятҳои адабиёти шӯроӣ. Ҳарчанд, аввалин зарбаҳоро ба пантуркистон нашрияиШӯълаи инқилобзада буд, аммо Айнӣ ин зарбаҳоро ба шеваи хос, балки айниёна зад. Беш аз ҳама ҷону тани Айнӣ аз ин гуфта ба дард меомад, ки миллатгароён таъкид мекарданд. “Дар Осиёи Миёна тоҷик ном як халқ нест, инҳо ҳамон ӯзбаконанд, ки ба таъсири Эрон ва мадраса забони худро гум кардаанд (Р.Масов., “История топорного разделия”). Садриддин Айнӣ бошад, дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ин ақидаро рад карда, боифтихор менависад: “Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунон як қавми муаззам бо номи тоҷик ё ки тоҷик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст”. Айнӣ поёнтар чунин қайд мекунад: “Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷойҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён, ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷойҳост”. 

Лозим ба ёдоварист, ки баъд аз чопиНамунаи адабиёти тоҷикдили ҳазорон-ҳазор душманони миллати тоҷик ҷирахдор шуд. Агарчи аксари навиштаҳо перомуни асар ҷанбаи мусбӣ дошта бошанд ҳам, аммо баъзе ѓаразҷӯён асар ва нигорандаи онро зери танқид гирифтанд. Аввалин нафаре, ки моҳияти бузурги илмиву фарҳангии асарро зикр кардааст, ин устод Лоҳутӣ буд. Лоҳутӣ асарро “беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон” номид. Асари Айнӣ бар хилофи марзбандии коммунистҳо ин марзҳоро убур кард. Ҳанӯз донишманди маъруфи Эрон Сайид Нафисӣ дар мақолаи арзишманди худ зери унвони “Сарзамини поки ниёгонам” ин китобро баҳои баланд медиҳад. 

Тақризҳои манфӣ ба китоб асосан ба қалами Баҳриддин Азизӣ, Ҷалол Икромӣ тааллуқ доштанд. Ин тақризҳо асосан бар асари баъзе равияҳо падид омада буданд. Ин чиз албатта Айниро азоби сахт медод. Дар ҳамин маврид бисёр шарқшиносони   рус, аз ҷумлаи  М.Дияков, Бертелс, Шевердин ба дифои Айнӣ бархестанд. Асари Айнӣ барои халқи тоҷик беҳтарин ва накӯтарин эҳдои Худованд аст. Чопи ин асар ҳангоми тақсимоти миллию ҳудудӣ дар Осиёи Миёна ба манфиати миллати кӯҳанбунёди тоҷик буд. Ин таҷаллии нуре буд дар зулмати туркона ва миллатгароёнаи баъзе ақвом. Ин асар як миллат, ин ҳам миллати кӯҳанбунёди тоҷикро аз манқуртшавӣ (аниқтараш аз манқурткунӣ) раҳонид. Асар на танҳо миллати тоҷикро аз бунбаст раҳонид, балки ҳуқуқи дубора зиндагӣ карданро барои миллати тоҷик дод. Ин аст рисолати фарзандӣ… Ин аст рисолати мансуб будан ба як миллат… Ин аст ҷонфидоӣ ё ин аст асари мондагори давр…  

WHO IS MR. БАРЗУ АБДУРАЗЗОҚОВ?

Posted in Адабиёт ва Фарҳанг on January 29, 2008 by yoron

Инсонро куштан мумкин аст, аммо орзуро не.

Вале ман дар бораи инсоне ҳарф мезанам, ки шоҳи тамоми орзуҳост.

Кайҳост, ки мардум барои инқилобҳои фикрии ў қарсак мезананд.

Ўро ном якест: Барзу Абдураззоқов! 

Як қаҳрамон 

Саҳнаи театр аз саҳнаи зиндагӣ фарқе надорад. Чунки саҳнаи театр ҳаводиси саҳнаи зиндагиро таҷассум мекунад. Ва ҳунарманде, ки дар ҳардуи ин саҳна нақш офарида инсонро тарбия менамояд, қаҳрамон аст.  

Як Барзу 

Ман ўро намешинохтам ва намедонистам, ки дар дил чӣ орзу дорад. Ҳангоме намоишномаи «Шаҳраки ман»-ро ба рўйи саҳна гузошт, барои тамошои он рафтам. Хурсанд будам, ки ўро аз наздик дидам. Фақат ҳамин чиз дар хотираам нақш бастааст, ки он рўз ҳама муаррифӣ мекарданд: Барзу Абдураззоқов. Сонитар дарёфтам, ки мардум барои хотири дидани намоишномаҳои ў ба театр мешитофтаанд. «Чор дарвеш», «Салом модар, ин ман»…маҳсули кори эҷодии ў ба шумор мераванд.  

Як инсон 

-Одамизод бояд инсоне бошад, ки сухани дар дил доштаашро ошкоро гуфта тавонад. Дар дон ҳолат мо кӣ ва чӣ кора будани ўро хоҳем донист,- мегўяд Барзу. Худи ў бошад, инсони комил аст. Аз касеву чизе ҳарос надорад. Танҳо медонад, ки Худованд яккаву ягона ва пуштибони кули мардуми рўйи замин мебошад. Аз ратфору гуфторащшмедонем, ки ҳунарманд аст, ҳунарманди асил ва сертакопўй. 

Як мунтазир 

Аслан дар ин дунё ҳама мунтазиранд. Мунтазири рўзҳои некў, мунтазири…Аммо Барзуи мо мунтазири омадани ҳунармандони ҷавон аст. Ў мегўяд: «Медонед, дар театр мунтазир ҳастам, ки рўзе як ҷавони ҳунарманди ба худ бовардошта омада гўяд: «Барзу, ҳамаш тамом. Акнун ту арзандаи ин театр нестӣ, бирав. Ман ба ҷойи ту дар ин театр ҳунару қувваи худро нишон медихам. Як намоишномаҳоеро рўйи саҳна меоварам, ки дар гўшаи хиёли кассе ҳам набуд». Ана, рухдоди ин воқеаро интизорам. Зеро ҷавонони лаёқатманд барои имрўз ва фардои ману Шумо хеле заруранд. Вақте чунин як ҷавон меояду ин суханҳоро мегўяд, ростӣ бе ягон гапи зиёдатӣ аз театр баромада меравам…»Намедонам, Барзу то кай интизор мемонад. Вале дақиқ аст, ки интизории вай монанди мунтазирии модари фарзанд ба аскарӣ гуселкарда хоҳад буд.  

Як режиссёр 

«Аз вақте ки Барзу Абдураззоқовро ба ҳайси саркоргардони театри Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд интихоб карданд, дар он ҷо се намоишномаро ба маърази тамошобинон гузошт, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Тоҷикистон соҳиби обрўйи зиёд шуд. Барзу андешаи холисонаи театрӣ ва пайроҳаи мустақили эҷодии худро дорад. Ба ростӣ, дар кишвари мо ин гуна режиссёрҳо хеле каманд. Барзу дар радифи Фаррух Қосимов, Баҳодур Миралибеков барин ҳунармандони асил фаъолияти эҷодӣ дорад»,- таъкид мекунад Рустам Воҳидов, ҳунарманди театри «Аҳорун». Худи Барзу афсўс мехўрад, ки Тоҷикистон режиссёрҳои сатҳи байналмилалӣ надорад. Шояд бо гузашти вақт мо бе режиссёр монем? Ва қойил мешавад, ки ўро дар ҳама ҷой ҳамчун режиссёри ҷавон муаррифӣ мекунанд. Вай баланд механдад. Аммо ҳис мекунам, ки хандааш дард дорад. Хандааш бонги хатар мезанад, ки дигар кай Тоҷикистон режиссёрҳои ҷавонро тарбия мекарда бошад? -Синну соли ман аз чил гузаштааст, вале ҳанўз ҳам маро режиссёри ҷавон мегўянд»,- арз медорад Барзу Абдураззоқов.Аҳмадҷони Раҳматзод, райиси созмони вилоятии иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон низ аз ин андеша рўй намегардонад. Ба қавли ў: «Аввалан, Барзу аз коргардонҳои қавииродаи насли нав аст. Назари вай ба зиндагӣ ҳамчун ҳунарманди театр аз фалсафаи муосир, ки он ҳам пешрафти тафаккур ва тамаддун ва техникаро дар худ таҷассум кардааст, маншаъ мегирад. Заминаи асосии кори Барзу Абдруззоқов нишон додани бархўрди ботинии инсони имрўз бо андеша, ҳис, тафаккур ва хулосаҳои фардии инсон мебошад». 

Як ватандор 

Бисёри зиёии тоҷикро дидаам, ки аз вазнинии рўзгор тарки манзилу макон карда дар ғарибӣ «шоҳона» зиндагӣ ба сар мебаранд. Барзуро чӣ ҳоҷат аст, ки даряк гўшаи музофотии диёр нишаста фаъолият кунад? Пеш аз ҳама ватани худро дўст медорад. Ватане, ки модар ўро дар ҳамин ҷой тавлидаш намудаву раҳравон карда. Дар ҳамин замине, ки ба воя расидаву касбу кор омўхта. Ва ў боз сари хиёл мегўяд: «Вақте аз ман мепурсанд, ки чаро Шумо ба дигар мамолики мутараққӣ рафта зиндагӣ ихтиёр намекунед, бо як ҷумла посух медиҳам: Агар театрро монда ба давлати хориҷӣ равам, нафари дигар нест, то ин театрро ҳамҷониба идора кунад. Ба ин гуфтаҳои худ бовар дорам!» Ў касеро маломат карданӣ нест. Ў танҳо як мақсад дорад: Номи кишвари азизи худ – Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бо андешаи тоҷикӣ ошно кардан. Барзу то андозае ба ин мақом соҳиб шудааст. 

Як ҳамтақдир 

Замоне ки Барзу аз зиндагии сахти ҳунарманди театр ҳарф мезад, ҳаёти пуртазоди рўзноманигорӣ ба ёдам расид. Он замон дарк кардам, ки хоки рўзноманигор ва ҳунармандро аз як гил сириштаанд. Нав бовар кардам, ки дар таърихи инсоният борҳо шудааст, ки ҳунармандро низ барои хотири танқиду мазамматҳояш ошкоро латукўб кардаанд. Барзу аз ин ба риққат омада оҳи сард мекашад ва ба ҳунармандону рўзноманигорони шаттахўрда аҳсант мегўяд: «Замоне моро зери назорат мегиранд ва мезананд, мо бояд хушҳол бошем, ки ба касе лозим будаем ва дар ин олам зиндагӣ мекардаем». 

Як аврупоӣ 

Аксари намоишномаҳои Барзу аз рўйи асари дромнависони аврупоӣ рўйи кор омадаанд. Вай дроматургияи муосири тоҷикро дромнависии қолабӣ ва ҳаваскорона мехонад. Дар асл бошад, сурати тоҷикиву зеҳни аврупоӣ дорад. Барзу Абдураззоқов мегўяд: «Дромнависони имрўзаи тоҷик ҳанўз дроматургияи ҷаҳониро ба андозаи кофӣ нашинохтаанд. Ман намехоҳам мунтазир бимонам. Намехоҳам дар интизори касе бинишинам, ки далерона наамоишнома бинависад…» 

Як девона 

Аслан ошиқи ба маъшуқ сахт дилбастаро девона мегўянд.Барзу ҳам ошиқ аст, яъне девона. Девонаи театр, ҳунару саҳна ва зиндагӣ

Имрӯз ҳам гузашт…

Posted in Адабиёт ва Фарҳанг on January 26, 2008 by yoron

Аз филми ОвораАз филми Овора

272838.jpg

Имрӯз ҳам гузашт, монанди як нафас,

Наврӯзи ман гузашт, бе ишқи ҳеҷ кас.

Гирёну хандарез, хушрӯйи бебақо

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро. 

Сад қитъа тай шуда дар ҷустуҷӯи худ,

Сад раҳ кушодаам, ҷуз раҳ ба сӯи худ.

Худрӯйи худшукуф, худҷӯйи худпаноҳ,

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро… 

Овораи хато, бечораи Худо,

Чун соя бо худам, ҳамроҳаму ҷудо.

Масрури бефараҳ, танҳойи бевафо

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро.

…Аз Гулрухсор

Posted in Адабиёт ва Фарҳанг on January 26, 2008 by yoron

dsc00640.jpg

Дунёра бин, дунёра бин,

Худро бубину мора бин.  

Як сӯ ғами бемарқадӣ,

Як су ғами бемазҳабӣ,

Як сӯ ғами қавми ғариб,

Як сӯ ғами бемактабӣ. 

Боғ аст ҷавлонгоҳи зоғ,

Булбул хамушӣ мекунад

Қобил, ки хокаш даркашад

Ҳобилфурӯшӣ мекунад. 

Аз ганҷи савдои Ватан

Лутфи аморат мехарад.

Бар ҳафт пушти хештан

Маргу ҳақорат мехарад. 

Зарбе, ки аз ӯ мерасад,

З-он қотилу дардовар аст,

К-аз хишти девори падар

В-аз санги нанги кишар аст. 

Теғе, ки моро мекушад,

Дар ҷайби додарҳои мост.

Моро ба дасти мо задан,

Ойини сарварҳои мост.

Дунёра бин, дунёра бин,

Бе миллату бе ора бин…

—————————————

Ин қавм ба худхории мо кор надорад,

Ин сахра ба гулкории мо кор надорад.

Ашки сари мижгони бақоем, балоҷӯй

Бар марги вафодории мо кор надорад.

Аз тории шаб, дидаи хуршед сафед аст,

Зулмат ба шарарбории мо кор надорад.

Сармозадаи оташи маснӯи зимистон,

Ин барф ба табшории мо кор надорад.

Оне, ки ба доне нахарад исмату покӣ

Бар зевари нодории мо кор надорад.

Олам ба сабукбории мо каф занаду даф,

Оқил ба сабуксории мо кор надорад.

Масти майи порина ба фардо биситезад

Ин маст ба ҳушёрии мо кор надорад.

Андар кафи ларзони замон, шамъи муродем,

Ин хуфта ба бедории мо кор надорад.