Раҷаби Мирзо – сардабири ҳафтаномаи «Рӯзи нав» як орзу дорад: ҳақиқатро дарёфтан. Ҳарчанд бисёриҳо барои амалӣ шудани ин орзуи ӯ монеаҳо эҷод кардаанд, аммо ҳанӯз маънии инро надорад, ки орзуи ӯро куштаанд. Ӯ ҳанӯз ҳам аз пайи орзуи худ равона аст. Фақат ғам ӯро ба дунёи дигар афкандааст. Ба қавли устоди равоншод Лоиқ Шералӣ:
Ҳасудон аз хушии мо нохушанд,
Мо намемирем, моро мекушанд.
Ҳоло дунёи дигари Раҷаби Мирзо оғоз меёбад. Як саволи ману як ҷавоби вай. Оё Шумо таҳаммули андешаҳои ӯро доред?
-Гуфта буданд, ки «Рӯзи нав» давоми мантиқии «Чароғи рӯз» аст. Он вақт то кадом андоза дуруст гуфтанд? Зеро дар Тоҷикистон он ҳам як сол интишор шуду он ҳам…
-Категорияи фалсафие вуҷуд дорад, ки онро зарурат ва тасодуф меноманд. Агар аз ин нигоҳ бингарем, барои пайдоиши ҳам «Чароғи рӯз» ва ҳам «Рӯзи нав» пеш аз ҳама зарурат пеш омада буд. Аммо он ки тақдири ин ду рӯзномаи гуногун якхела менамояд, бовар кунед, ғайр аз тасодуф чизи дигаре нест. Агар не, замони таъсисёбии «Чароғи рӯз» Тоҷикистон акнун сохти нави давлатдориро аз худ мекарду замони таъсисёбии «Рӯзи нав» гӯиё дар ин сохти нав пешрафтҳое дошт. Бубинед, ин рӯзномаи замони нав низ бо ҳамон мушкилоте рӯ ба рӯ мегардад, ки як рӯзномаи замони гузариш ҳам дошт. Пас, аз ин чӣ хулоса метавон кард? Оё наметавон гуфт, ки мушкил дар ин рӯзномаҳо не, балки мушкил дар он аст, ки мо ба сохти нав, ба рӯзи нав нарасидаем? Дар маҷмӯъ, мушкилоти «Рӯзи нав» бори дигар исбот менамояд, ки мо ба арзишҳои демократӣ то ҳанӯз арҷ гузошта наметавонем ё намехоҳем. Ман вақте «мо» мегӯям, кулли мардумро дар назар надорам, балки манзурам масъулин ва ҳукумат аст, ки назар ва бархӯрди онҳо ба рукнҳои демократӣ на он тавре аст, ки дар қонунҳо навиштаанд ва аз минбарҳои пасту баланд дар ин бора гуфтанро дӯст медоранд.Бархе аз масъулин ҳоло дӯст медоранд, ки ба ин нукта ишора намоянд: «баъзеи рӯзномаҳо менталитети мардуми моро ба назар намегиранд». Хеле хуб дарк менамоям, ки онҳо дар зери мафҳуми «баъзеҳо рӯзномаҳо» киро дар назар доранд. Вале медонед, онҳо дар асл чӣ гуфтан мехоҳанд? Гуфтан мехоҳанд, демократия ҳам шарқиву аврупоӣ мешавад, ки ба ин тарзи баҳогузорӣ комилан розӣ нестам. Гуфта будам ва боз ҳам мегӯям, ки демократия дар назари ман адолат аст. Агар адолат амрикоӣ бошад, пас, тоҷик сазовори адолат нест?
-Ҳар кас қабл аз оғози коре дар назди худ ҳадафе мегузорад. Аслан, мақсади Шумо аз таъсиси «Рӯзи нав» чӣ буд ва оё ба мақсади худ расидед?
-Ростӣ, баъд аз ҷамъбасти озмуни «Журналисти сол» дар соли 2003, ки бо ибтикори чанд созмони бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардида буд, мо як гурӯҳ журналистони тоҷикзабон худро то андозае таҳқирдида ҳисоб намудем. Ман ҳатто маводе низ таҳти унвони «Террористи №0» дар ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» чоп карда будам. Зеро барандагони ин озмун аксаран журналистон русзабон буданд. Баъд аз ин пеши худ мақсад гузоштем, ки ҳатман бояд нишон дод: журналистикаи тоҷикзабон дар кишваре, ки Тоҷикистон ном дорад, авлавиятро касб намояд. Бале, мо медонистем, ки матбуоти тоҷикизабони он давраро бо матбуоти русизабон дар як поя гузоштан беадолатӣ мебуд, вале аз дасти мо он вақт коре намеомад. Моҳи августи ҳамон сол дар арафаи сисолагии зодрӯзи худ ба таъсиси рӯзномаи «Рӯзи нав» оғоз намудам. Шукри Худованд, аз шумораҳои нахустин рӯзнома маҳбубияти хонандагони сершуморро соҳиб гардид ва дар ҷамъбасти озмуни соли 2004 он сазовори ҳафт мукофоти асосии ин созмонҳо шуд. Аз ин нигоҳ ба мақсадам расидаам, аммо «Рӯзи нав» нақшаҳои ноамалигардидаи бисёре дорад, ки акнун бовар надорам, ба онҳо расида тавонем.
-Воқеан дар вақташ бисёриҳо барои Шумо ҳасад мебурданд, ки аз фурӯши ҳафтаномаи «Рӯзи нав» фойидаи калон ба даст меоред, чунки он бозоргир буд. Дар асл чӣ манфиати молӣ дидаед?
-Замони фойидаи молӣ ба даст овардани ман аз ин рӯзнома акнун фаро расида буд, вале мутаассифона имрӯз мебинам, ки на фоида балки зарарҳое аз он дидаам. Гап дар сари ин аст, ки шумораи ахири дар Бишкек чопнамудаи мо беш аз 3 ҳазор доллар хароҷот дошт. Қисме аз ин маблағҳоро қарз гирифта пешпардохт намуда будем, қисми дигарро бошад, аз рӯйи шартнома бояд пас аз даҳ рӯзи фурӯши ҳафтанома ба суратҳисобии бонкии чопхонаи Бишкек мегузаронидем. Хеле мутаассуфам, ки ин шумораи рӯзнома дар фурудгоҳ бе ягон сабаб аз ҷониби мақомоти андоз боздошт шуда ва давутози мо натиҷаи дилхоҳ намедод.Чуноне мебинед, аз «Рӯзи нав» фоида не, зарари моддӣ дидаам. Ин аст, ки то ҳанӯз дар хонаи иҷора зиндагӣ дорам, на дар қасри чидлу чандҳазордоллараи шахсие, ки баъзеҳо овоза кардаанд.
-Аммо бовар кунед, ки бо «Рӯзи нав» ҷаҳон Раҷаби Мирзоро шинохт. Пас, рӯзгори пеш аз «Рӯзи нав»-ии худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Мо агар машҳур шуда бошем, бояд аз ҳукумат миннатдор бошем, ки бо мушкилоти эҷодкардаи худ тавонистан моро машҳури ҷаҳон, тавре Шумо мегӯед, намоянд. Аммо бовар кунед, ман намехостам ин тавр «машҳур» шавем. Мо мехостем ҳамчун рӯзнома шӯҳратманд бошем, вале ба мо имкон надоданд. Бархӯрди ҳукумат бо мо бештар аз як қувваи сиёсӣ буд ва ҳаст. То ҳанӯз онҳо бовар доранд, дар пушти мо ким-кадом сиёсатмадори пурқуввате истодааст ва мақсади мо тағйир додани роҳбарияти Тоҷикистон мебошад. Аз рӯйи овозаҳо чандин шахсияти воломақом ба «Қуръон» қасам дода шудаанд, ки бо мо иртиботе доранд, ё не. Дар маҷмӯъ, ба мо назар ба имконияти мо бештар баҳо медиҳанд. Ҳол он ки мо рӯзномае беш нестем ва тамоми имкону қудрати мо низ дар ҳамин дойира аст.
-Марги тифл барои падар ҷонкоҳ аст. Вақте «тифли яксола»-и Шуморо ба қавле куштан мехостанд, чӣ қадар ранҷ мекашидед?
-Кадом рӯз дар як хабар хондам, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар бобати маргу мири атфол пешсаф мебошад. Ин аҷобате надорад. Дар ин кишвар «калонтар»-ҳое ҳастанд, ки «кӯдакон»-ро дӯст намедоранд ва барои онҳо шароити мусоид фароҳам намеоранд, то солиму бардам ба дунё оянд ва дар кӯдакӣ намиранд.Бале, ман сари «тифл»-и худ - «Рӯзи нав» ва тақдири ояндаи ӯ бисёр меандешам. Аламовартар он аст, ки ин «тифл»-и ман солим аб дунё омада буд ва дардмандие надошт. Аммо он як рӯз аз хона баромаду дигар барнагашт. ӯро ё дуздиданд, ё ба ягон фалокате гирифтор шудааст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ бовар надорам, ки ӯ дигар зинда бошад.
-Вақте Шуморо дуввумбора мавриди латукӯб қарор доданд, дар изҳороти худ навишат будед, ки ташкилкунандагони ин саҳнаро хеле хуб медонед, аммо онро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозгӯ намоянд. Мутаассифона, мақомот ба ин ҳодиса аҳамияти хос надоданд ва имрӯз он аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Оё имрӯз гуфта метавонед, ки захми сари Шумо доғи дасти кӣ буд?
-Ман номи гумонбарро барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта будам, аммо онҳо дар ин самт чӣ корҳоеро ба анҷом расониданд, барои ман маълум нест. Вале бояд иқрор шавам, ки назари ман ба ин ҳодиса дигар аст. Бубинед, моҳи январ вақте сӯйиқасди аввал ба ҷони ман сурат гирифт, Тоҷикистон дар ҳолати номӯътадили авзои сиёсӣ қарор дошт. «Бӯҳрони Ғаффор Мирзоев», «Мушкилоти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Саламшо Муҳаббатов» низ дар ҳамин давра ба вуҷуд омада буданд. Аммо он вақт ман дар бораи мушкилоти худ лаб накушодам. Пас аз ҳафтаи сӯйиқасди дуввум ба ман Ғаффор Мирзоев боздошт гардид. Баъдтар қазияи Рустам Файзиев ва Султон Қувват, баъдтар задухӯрдҳо дар Тоҷикободу Рашт ва боз «проблемаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров» пеш омаданд. Ҳамаи ин ҳодисаҳоро таҳлил намуда ба хулосае омадам, ки ду сӯйиқасд ба ман хислати дуркунандагӣ аз ҳодисаҳои баъдиро доранд. Яъне агар ман дар бораи сӯйиқасди аввал садо баланд мекардам, шояд ҳодисаҳои дар моҳи август-сентябр ба амаломада ҳамон замон ба вуқӯъ мепайвастанд?
-Шояд имрӯз сухане доред, ки то ҳол барои мардум ва ҳукумати кишвар нагуфтаед?
-Суханҳои ногуфтаам бисёранд. Умр боқӣ бошад, онҳро мегӯем. Вале ҳамин замон як ташбеҳе ба хотири ман мерасад, ки гуфтанашро зарур медонам. Чордаҳ сол пеш аз ин, ба сарзамини собиқ СССР, аз ҷумла ба Тоҷикистон духтараки зебое омада буд, ки Демократия ном дошт. Ба ин духтараки хушрӯ ҳама - чи пиру чи ҷавон, чи коммунисту чи исломӣ, чи гадову бой ошиқ шуданд ва изҳори муҳаббат намуданд. Ин духтарак шефтаи суханони зебои онҳо гардид ва бо хар кадомашон дар алоҳидагӣ ишрзӣ намуд. Эҳсос накард, ки рӯзе ба…фоҳиша табдил меёбад. Имрӯз аз ин «ишқи сиёҳ» духтараке таваллуд намудааст, ки аз модараш ҳам зеботар аст. Боз ҳам ба ин духтараки зебо чашмпаррониву изҳори ишқ оғоз гардидааст. Бовар кунед, ман аз он тарс дорам, ки ин дафъа ҳам ин духтараки хушрӯ моили суханони булҳавасонаи онҳое мегардад, ки чордаҳ сол қабл модари ӯро бадбахт намуда буданд. Биёед, дар ҳамҷоягӣ ба ин духтараки хушрӯ кӯмак намоем ва ӯро аз роҳи бал гардонем. Ин аст хоҳиши ягонаи ман.
-???
-???
-Хайр, боз хоҳем дид?
-Хайр, то дидор!!!