ЗООпарк

Posted in Бозори акс on March 12, 2008 by yoron

sl271463.jpgБоғи ҳайвонот (зоопарк) –и Душанбе. Барои нахустин бор аз он дидан кардам. То ин муддат аз асрори ин боғ огоҳ набудам. Нахустин бор дидам, ки ҳайвонҳои харобу лоғар дар ҳар гӯшае аз боғ истодаанд. Мӯҳтоҷанд. Аммо касе ба онҳо эътибор намедиҳад. Бӯйи баде куллия нуқоти боғро фаро гирифтааст. Ҳоли касе парешон намешавад. Мисли ман садҳо тамошобин навбат мепоянд, то морро бубинанд, ё хирсу палангро. Морҳо аз гармӣ мурдаанд. Сусмор аз ҷояш намеҷунбад. Оҳу ба сабзаи дасти тамошобин «ҳуҷум» мекунад. Шутур дар кунҷе сархам нишастааст, аз мо нигоҳи худро даеғ медорад. Як ба ҳоли хар менигарӣ, ашки чашмат ғайриихтиёр равона мегардад. Ҳоли зори ҳайвонҳои бечора дар боғе ба номи Боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон харобтар аз ҳоли як гадои кӯча аст. Онҳо мемиранд. Аз гуруснагӣ ва беэҳтиромӣ. Аммо ҳамарӯза соҳибони ин боғ аз як тамошибин 50 дирамӣ тақозо мекунанд. Ин панҷоҳдирамаҳо ба кисаи кӣ мераванд? Наход, мо як боғи вуҳуше барои тамошо надошта бошем? Пас, чи гуна манотиқи Тоҷикистонро ба нуқтаи ҷаҳонгардӣ табдил медиҳем? Аз дасти мо намеояд. Боз ким-кадом чиноӣ ва боз ким-кадом рус ин минтақаҳоро аз худ мекунад ва манфиат мебардорад. Тоҷик боз овораву сарсон дар Русия. Халқи мо аз меҳнат намегурезад, агар дар болои сараш табар набошад…

Advertisements

Ранг бину ҳол пурс…

Posted in Бозори акс on March 11, 2008 by yoron

kmo_075466_00580_1h_t250w.jpg

Рӯйи турши Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе. Ин рӯй аз ҳангоми таваллуд то имрӯз чунин аст ё фақат бо дидани тоҷикҳо ҳамин хел шакл мегирад?

“НОМАҲО”-И НИМО ЮШИЧ

Posted in Номаҳо on March 11, 2008 by yoron

Китоби “Номаҳо”-и Нимо Юшич шомили мактубҳоест, ки ӯ ба модару падар, бародару хоҳарон ва дӯстон навиштааст ва бидуни муболиѓа онҳо дар шинохти зиндагӣ, андешаю эҳсосоти шоири бузург нақши рӯшане доштаанд. Номаҳои шоири шаҳир саршори дарсҳои шеъру шоирӣ, ҳикмату фалсафа, ҳақоиқи башарӣ, адабию ахлоқӣ, масоили иҷтимоӣ ва як нигоҳи дурбинона ба табиати офаридгор ва инсон аст. Инак, порае аз “Номаҳо”.  

Аз ҳама чиз наздиктар ба ту ишқи туст. Ҳастӣ нишонаи ишқ аст. Навиштани ман ҳам самараи ишқи ман аст…

***

Аз рӯзи нахуст пардае байни қалби шоир ва мавҷудот ҳоил шуд, то ӯ зиндагиашро ба ҳасрат ба сар бибарад ва чизеро, ки дӯст дорад, аз варои ин парда бибинад, чунки осмон мехост чангашро ба дасти ӯ бидиҳад ва аз миёни лабҳои ӯ бихонад. Ман ба ҳар чӣ дил мебандам, ноз мекунад, мегурезад, магар танҳоиву хубиҳои ишқ, ки ҳар қадар ба онҳо дил бастаам, ҳамеша бо мананд…

***

Бидуни таҷриба инсон ноқис аст ва бидуни нуқс инсон ба вуҷуд наёмадаву аз байн нарафтааст…

***

Суръате, ки инсон ба тарафи фанои худ дорад, бештар аз ҳар суръатест, ки дар корҳои дигари ӯ мушоҳида мешавад…

***

Аксу оинаву тифл соати умри инсон ҳастанд, ки ҳар се наздик шудани маргро хабар медиҳанд…

***

Дар сурате, ки тариқи ман аз ҷадидтарин туруқ набошад, нисбат ба тариқаҳои қадими шарқӣ хеле ҷадид ва шояд ҷадидтар аз он барои миллате бошад, ки ҳанӯз ҷадидро нашинохтааст…

***

Шеъру мусиқӣ ва наққошӣ ҳар се дар асри ҳозир васоили анҷоми хадамоти иҷтимоӣ ҳастанд, яъне эҳсосоти табақаро ба ҳаракат дармеоваранд…

***

Нуқтаи назари ман афкору фалсафаи худи ман аст ва бо тариқаи муайяни фикрӣ, ки баъдҳо маълум мешавад…

***

Инсон дардашро бояд ба касе гӯяд, ки ӯ он сероб шавад. Қалби ман оташест, ки бояд ҳама ҷоро бисӯзонад…

***

Чашмҳои ман абрест, ки ҳама ҷо бояд аз он сероб шавад. Қалби ман оташест, ки бояд ҳама ҷоро бисӯзонад…

***

Хаёл накун маро мебинӣ, ман мани воқеӣ ҳақиқати дигаре ҳастам, ки дар навиштаҳои худ ҷо гирифтаам ва ҳанӯз мардум аз ман садое нашунидаанд, то чӣ расад ба як наѓма, ки қалби маро барои онҳо ташреҳ кунад. Мардум аз ман парҳез мекунанд, ҳамон қадар, ки ман аз онҳо парҳез дорам…

***

Чашмони ман пораабрест, ки ҳаргиз аз боридан хаста нашудааст…

***

Завқи зиндагӣ аз ҳукми об аст. Бояд онро софу равон раҳо кард. Рӯҳ бояд ба насимҳои вақти саҳар шабоҳат дошта бошад. Ба беэътиноӣ ва виқор фақат барои навозиш кардани гулҳо аз фазои олам убур кунад…

***

Хомӯширо дар мавқее, ки бояд хомӯш буда бошам, аз дарё ёд мегирам. Ҳамаи ашё муаллими инсонанд. Шумо ҳам мисли ман бошед. Хеле ҳарфҳоро мебояст шунид. Фақат ақоиди худро бояд маҳкам нигоҳ дошт…

***

Рост аст, ки камфаҳмӣ ҳам неъматест ва шуаро аз рӯи асабонияту хастагӣ онро сутудаанд, вале бибинед чӣ қадар ҳам аз неъматҳост, ки инсон ба воситаи ҷаҳолати худ аз он маҳрум шудааст…

***

Ҳунарро зоҳирест содда, аммо ботине печидаву мармуз. Бо ҳар ҳастӣ дақиқаест ва бо ҳар дақиқае нерӯи хос барои фаҳм. Он чӣ дар ҳунар асоси зебоист, ҳамон ростӣ ва ҳақиқат аст…

Занон мардона гоҳо ишқ варзанд…

Posted in Мавқеъ on March 8, 2008 by yoron

116514.jpg

ЗАНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ САДО БАЛАНД МЕКУНАД

Ахиран иддае аз занони тоҷик дар шаҳри Маскав барои нахустин бор рӯзи байнулмилалии озодии занон – 8 мартро таҷлил карданд ва ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат намуданд, ки овози онҳо шунида шавад. Фарёди онҳо фарёдрас пайдо кунад. Онҳо дар муроҷиати худ гуфтаанд, ки занони Тоҷикистон 30 дарсади муҳоҷирини кории тоҷик дар Русияро ташкил медиҳанд. Онҳо мегӯянд, маҷбур ҳастанд дар ҳар самт кор кунанд, агарчи ҳақмузди кам мегиранд. Дар муроҷиати онҳо ҳамчунин таъкид шудааст, ки бештари ин занон аз рӯи эҳтиёҷ кишварро тарк карда ба Русия рафтаанд. Гуфтаанд, ки онҳо наметавонанд дигар аҳли хонаводаи худро бе навозиши зан бигузоранд ва фарзандонашонро бе модар. Аз ин рӯ, занон тақозо мекунанд, ки Раҳмон як ба худ ояд ва ба ҳоли зори мардуми кишвараш нигарад. Кишваре, ки тӯли шонздаҳ сол таҳти раҳбарии ӯ қарор дошта, дар пай барои сокинон хушбахтие наовардааст. Аммо умед ҳаст, ки ин дафъа ӯ бедор мешавад? Умед ҳаст, ки шираи пулу сарват пеши чашми ӯро ба тамом напӯшонидааст? Боварам намеояяяяяяяяяяяяяяяяяяд…

Дарвоқеъ, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бояд бедор шавад. Як ба атроф нигарад ва як ба худ. Бубинад, ки чи қадар одамони «ҷазира»-и ҳукумат аз «ҷазира»-и бекориву бебарқиву бепулӣ тафовут доранд. Набояд аз хомӯшии мардуми Тоҷикистон суиистифода шавад. Зеро сокинони Тоҷикистон барои он хомӯшанду гирдиҳамоӣ намекунанд, ки Сулҳро беҳтарин василаи зиндагии худ мешуморанд. Онҳо аз ҷанг метарсанд. Дигар намехоҳанд, ки садои тир баланд шавад. Онҳо хомӯшона мемиранд…

Аммо ин занону мардони ҷон ба лабрасида дигар хомӯш нахоҳанд буд. Тахтро сарнагун мекунанд… Новобаста аз он ки дар сари он кӣ нишастааст: Аҳмад ё Раҳмат! Браво, занҳои тоҷик!

Чанд андеша аз “Саду як андеша”

Posted in Адабиёт ва Фарҳанг on March 8, 2008 by yoron

Ду сол пеш як китоби Раҳими Мусулмониён ба дасти ман расид, ки Саду як андеша ном дошт. Китоби саропо андеша. Ва ҳоло чанд андеша аз ин китоб:  

Сарнавишти мардумро аз он пешбинӣ кардан метавон, ки қиблааш кист: тавонгар ё хирадманд. 

 *** 

Душман набошад, фориғбол мешавем ва фориғболӣ марг аст.

*** 

Мурғони осмон ба ҳоли қавме хоҳанд гирист, ки фарзонагонаш дар кишварҳои бегона ҳаммоливу мардикорӣ мекунанд.  

*** 

Чун мардум гурснаву луч аст, раъйи худро ба орду калӯш мефурӯшад ва Маҷлис бозичаи бозингарон мешавад ва қонуне, ки тасвиб мекунанд – калӯшкӯҳна.  

*** 

Қонуне, ки калӯшфурӯшон дуруст мекунанд, лоиқи пойи пойи калон хоҳад буд, на чароғи дасти мардум.  

*** 

Тоҷикистон аз бепулу бемансабу бесавод аст, ки дар ҳич як гӯшаи дунё намеғунҷад (агар ғунҷад ҳам ё таҳхона аст, ё гӯшаи зиндон), ҷуз Тоҷикистони худаш. 

*** 

Узбак худро он вақт нотавон донад, ҳамсӯҳбаташ бо забони вай гап назанад. Тоҷик худро он гоҳ нотавон донад, ки ба забони ҳамсӯҳбаташ гап зада натавонад.    

Oh, my God!

Posted in Мавқеъ on March 4, 2008 by yoron

wed_t.jpg

Духтараки 17-солаи тоҷик ба марди 35-солаи чиноӣ?! 

Хабари охирине, ки дар бораи Тоҷикистон дарёфтам, хеле даҳшатбор аст. CAnews.org менависад, ки дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як хонавода хостаанд духтари худро иҷборан ба шавҳар диҳанд. Дарди ба хайр, агар шавҳаршаванди ин духтарак тоҷик мебуд. Мутаассифам, духтараки 17-соларо волидонаш (намедонам аз рӯи раҳмдилӣ ё бераҳмии худ) мехостаанд ба як марди 35 – солаи чиноӣ никоҳ кунанд. Рости гап, дарёфти пулу мол чашми моро кӯр кардааст. Мо дигар шарму ҳаё, нангу номусу орро ба як пули пуч фурӯхтаем. Дигар парво надорем, ки ба мо пул медиҳанду бо хоҳару духтару зани мо чи кор мекунанд. Бори ин ҳама бешармиро фардо кӣ мебардорад? Идомаи хабар аҷоиб аст: Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парванда боз кардаанд ва (мисли ҳамеша) тафтишот идома дорад…

Сурат ё сират?

Posted in Мавқеъ on March 4, 2008 by yoron

file_215348_18454.jpg

Ин марде, ки 16 сол қабл ҳамчун Раиси шӯрои Олии Тоҷикистон аз Данғара ба Душанбе меомад, шиму костюм ва галстуки ба худ хосу зебанда надошт. Аммо ҳоло як галстуки вай шояд баробари нархи ҷони як тоҷик бошад…

Шумо суратро мепарастед, ё сиратро? Ман, ки сурати зебо надорам, сиратро мепарастам. Шояд ман ҳам сурати зебо медоштам, сиратро намепарастидам. Аммо имрӯз сурати зебо аз ҳама чиз волотар аст. Телевизиони Тоҷикистон хабарнигоронро ба кор даъват мекунад. Талаботи аввал: сурати зебо. Як дорухонаи ҳиндӣ ва як ошхонаи туркӣ дар Душанбе ба кор пешхидматҳоро даъват мекунад. Талаботи аввал: намуди зоҳирии зебо. Аз ин ба чунин хулоса мерасам, ки пас, ман ва ман барин «безеб»-ҳоро кӣ ба кор қабул мекарда бошад? Вазирони мо низ агарчи сурати зебо надоранд, аммо онро сохтаанд. Галстукҳои ғафсу рангорбаранг. Куртаву шими 100, 200, 500 ва 1 000 доллара намуди зоҳирии онҳоро як андоза зебо гардонидааст. Аммо сират ҳамоно тира. Ақл тиратар. Ҳама барои беҳбуди намуди зоҳирии худ мекӯшанд. Ҳич кас нест, ки кишвари худро зебо кунад. Ҳар куҷо тӯдаи ахлотро дидан мумкин аст. Вале ин ин тӯдаи ахлотро чашми онҳое намебинад, ки дар тан шиму костюми зебо доранд, бо ду-се муҳофиз мегарданд ва ҳич аз мошини худ пиёда намешаванд. Эй кош, сирати мо зебо мешуд…